ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– кисаи калони куртаи суф аз дарун бо ришта бастагӣ буд, ва ҳамеша барҷо меёфту хотираш ҷамъ мешуд, ва гоҳе ки гилеми қолини хушрангу хушгулеро савдо карданд ва пулашро бояд медод, даст бурду дид, ки ришта дар ҷояш , аммо киса нест:
– Э, Абдурасул, инҳо мебуриданде?!
Ва буридану даридан фақат хоси бозорҳо набуд, балки сар то сари мамлакат аз ҳавои задухӯрд нафас мекашид, – майдадуздон ба дараҷаи ғоратгарон расиданд ва ғоратгарон ба хидмати ҳарбӣ рафтанд; ва шиори «даври хоҷаву хизматгор гузашт», акнун ва минбаъд «давру даврон, давру даврони коргару деҳқон», ба коми коргару муздурон ширин омад, ва коми хоҷаву арбобро талх кард; ва аҳолии як мамлакати паҳновар, ба умеди аз ин шириниҳо баҳра бардоштан ва бо талоши аз ин талхиҳо раҳо ёфтан, гирудор мекарданд ва қисме дӯсти халқ ном гирифту қисми дигар душмани халқ. Ва байни ин ду ибора, – дӯсти халқ ва душмани халқ– аз сӯхтору куштору талаву тороҷ ва фитнаву хиёнату фиребу найранг, моломол буд; ва қарорбаророну камондори бисёре пайдо шуд, ва ин қарор мебаровардагиҳо ва камон ба даст гирифтагиҳо, дар роҳи ба амал овардани ниятҳояшон он қадар саросемавор шитобзада буданд, ки воқеаҳову ҳодисаҳо пайиҳаму рӯйиҳам ба сари халқ мерехт ва аксарияти мардум вақту фурсат намеёфтанд, ки таги онро кобанду ёбанд ва донанд, ки кадом тараф ҳақ аст ва кадомаш ноҳақ.
Ва болшевик Азизмурод ба кумитаи инқилобии марказ ахбор навишт, ки «…дар музофотҳои атрофи шаҳри Самарқанд, фақат дар се моҳи охир яксаду чилу нӯҳ нафар хизматгор ва муздури безамин, аз шӯроҳо рӯ гардониданд.
Онҳоро муллоҳо аз роҳ заданд. Аз гӯру қиёмат тарсониданд. Дар натиҷа ба тарафи душманони халқ гузаштанд»…Ва дар марказ аз ингуна хабарҳо хеле зиёд меомад, ва шӯрои инқилобӣ маҷлисе орост:
– Равияи бад. Пешгирӣ кардан даркор!
Ва пешгирӣ карданд, – қарор бароварданд, ки ғояи коммунистӣ як чизи шахшуда нест, ки як бор гӯиву то абад боқӣ монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё