ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва коммунистон Азизмурод ва Раҷаб, ки роҳбарони баландрутбаи Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон таъин шудаанд, дар деҳаи Душанбе барои исботи «аз даруни феодализм бо як ҷаҳиш ба сотсиализм гузаштан» машғул шуданд, ва ин деҳаро пойтахт эълон карданд, ва шиор партофтанд, ки «дар сари санг давлат бунёд мекунем», ва як сари таноб ба дасти Раҷаб ва сари дигараш ба дасти Азизмурод, мӯза то соқ хоколуд, кулоҳи комиссарӣ дар сар, бадану рӯ арақшор, тарҳи шаҳр кашиданд.
– Ду аспароба бемалол гузарад. Кӯчаи калони шаҳр мешавад.
– Баъд сангфарш мекунем. Майдони пеши хонаи ҳукуматро васеъ гирифтан даркор. Масалан, Регистони Самарқанд барин.
– Хонаи ҳукумат, алҳол, дар ҳамон бинои хаспӯш меистад. Аввал табобатхона месозем. Як мактаби барҳавойи ҳозиразамон обу ҳаво барин зарур.
– Маҷлиси муассисонро дар куҷо мегузаронем? Дар кулуби деҳқон?
– Кулуби деҳқон тангӣ мекунад. Дар лаби ҳавзи Чинорҳо гузаронем беҳтар. Аз ҳамаи районҳо одам мебиёяд.
Дар кулуб намеғунҷад.
Ва ба ороиши лаби ҳавзи Чинорҳо супориш доданд, – аз лаби ҳавз то кулбаи наългар, ва аз он ҷо то тути якка, ва аз дарахти тут то саройи аробакашҳо, ва аз он ҷо то пушти чойхона, ки ба ҳавз мепайвандад, гирдогирд, ба баландии як метру ҳаштод сантиметр, алвон кашанд, ва дар минбар сурати Ленин, қадаш се метр, бараш якуним метр, шинонанд, ва дар ҳошияи минбару ҷо-ҷойи рӯбарӯ ва паҳлуҳо, ба ду забон, забони тоҷикӣ ва ӯзбакӣ, шиорҳо нависанд, ва дар чор гӯша баландгӯяк устувор бикунанд.
Ва маҷлиси муассисон ниҳоят бошукӯҳу ботантана гузашт, – ваъзгӯён аз бунёди давлати мустақили Тоҷикистон, бо шарофати Инқилоби Кабири Октябр, сухан гуфтанд; ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳойи бародар, ва намояндаҳойи районҳо, ва вакилоне аз косибону батракону чорводорону коргарону аскарон, аз ғалабаи беназири сотсиализм ва шукронаи озодӣ, сухан гуфтанд; ва духтарчаи мактабхон, аз номи насли наврас, матни тайёреро хонд; ва қисме аз сухангӯён ва қисми ғолиби анбӯҳи шунавандаҳо, ба маънои «озодии виждон» ва «баробарҳуқуқии инсон», ва «сиёсати миллии ленинизм», ва «капитализмро надида, якбора ба сотсиализм гузашта, сарфаҳм намерафтанд, вале дилпурона сухан мегуфтанд ва бо шавқ гӯш мекарданд, ва аз таҳти дил «Зинда бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё