ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Амир дастгоҳи суратгириро хеле бо ҳавсала тамошо кард ва ба Иван дод ва пурсид:
– Аз ҳамин ҷо Арки Бухороро сурат гирифта метавонӣ?
Иван, бо лабханд, ба тариқи инкор, калла ҷунбонд.
Шашмақомхони дарбор ба кадӯри Шоир, ки дар паҳлӯш нишаста буд, нихта зад ва бо пичиррос шеър хонд:
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад…
Ва Шоир ҳам пичиррос зад:
– Тамалуқзаниҳои мову шумо бемағзро пурмағз нишон медиҳад. Ва мардуми омӣ бовар мекунанд.
Ва онҳо беихтиёр хандиданд, ва ин хандаи бемаврид ва берухсат, ба Амир хуш наомад:
– Ҳа, боз чӣ дурӯғ бофтед?
– Амирам, васфи Шуморо кардем,–Шоир аз ҷой бархост ва дастҳо пеши бар гирифт…
Базми зиёфат то як поси шаб давом кард, ва тӯҳфаю пешкаш бетанаффус меомад; ва Амир ба Кравсов иҷозат дод, ки фардо дар шаҳр гардаду сурат бигирад; Ва ба хонаи хоб рафт. То намози бомдод, нимхобу нимбедор, дар бистар ҷунбиду паҳлу гашт–бемории ваҳмак ва дарди бехобӣ азобаш медод. Аз ҳар як шарфа, аз ҳар як соя метарсид. Метарсид, дар хоб дод мезад, ва бедор мешуд, ки арақи сард пахш кардааст. На баданаш роҳат дошт ва на рӯҳаш ором. Ва пеш аз намози бомдод, аз кадом як гӯшае, харе ҳангос зад, ва ӯ як қад парид ва гӯш фаро дод– ҳангоси ин хар ба охир нарасида, аз гӯшаи дигаре боз як хар ҳамовоз шуд, ва давоми ҳангоси онро хари дигаре гирифт; ва харҳои ин шаҳр, гӯё маслиҳате доштанд ва ё дар хушовозӣ мусобиқае барпо карданд, ки билфосила, аз чаҳор тарафи қалъа, бо навбат ҳангос заданду ҳангос заданд, ки ҷони Амир ба танг омад, ва сараш ба дард даромад, ва аъзои баданашро раъша фаро гирифт, ва бехудона аррос зад:
– Кушед! Буред сари ин харҳоро! Нест кунед!
Ва ҷондорон бесаришта шуданд, ва маҳрамбачаҳо безобита гардиданд, ва сарбозон ба таҳлука афтоданд, ва шамшер аз ниём кашида давиданд; ва дар даруну дар беруни қалъа, дар куҷое хар ёфтанд, шикамашро дариданд, сарашро буриданд; ва харкобиву харёбиву шикамдариву сарбурӣ, то теғи офтоб давом кард; ва халқ аз тарс харҳояшонро гурезониданд – ба боғҳо, ба саҳро, ба деҳаҳо бурданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё