Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одил Саркор бардам – бардам қадам монда ба деҳа фуромада омад. Вай ба даромади Ҷӯйбор, ба наздикии анбори колхоз расида буд, ки ногаҳон овози қатъии касе хаёли ӯро бурид:
– Кӣ меояд?
– Ман, аз они худӣ, – ҷавоб дод Одил Саркор овози посбони анбор Нуралиро шинохта.
– Ҳамаи одамони деҳа аз они худӣ ҳастанд, номи ту чӣ? – Боз пурсид посбон ва баъд аз шунидани номи Саркор ва наздиктар омада дурусттар дидани рӯи ӯ, аз рафтори худ як андоза шарм дошта гуфт: – Э, Саркор, барвақттар овоз намебароред. Дар торикии дарахт шинохта натавонистам.
– Худи дидбони ҳарбӣ барин овоз мебароред-а, акои Нуралӣ, – гуфт Одил Саркор ба як ҳисоб аз ин рафтори марди солхӯрдаи зиндадил мамнун шуда.
– Вақт нозук, Саркор, – ҷавоб дод Нуралӣ тасмаи милтиқи шикории худро ба китфаш гузаронда, – вақте, ки тақдири молу мулки садҳо колхозчиён ба дасти ту супурда шудааст, одам шер барин ҳушёр мешудааст.
Одил Саркор аз ҳушёрӣ ва пухтагии посбон шод шуда, ӯро бардор мекард.
– Бале, акои Нуралӣ, – гуфт вай, – шумо ҳам дар вазифаи худатон мисли як аскар ҳастед.
– Набошад-чӣ, Саркор, – ҷавоб дод Нуралӣ ва аз шеъри Саъдӣ ин байтро хонд:

«Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад...»

– Бале, ёфтед, – гуфт Саркор ва бо Нуралӣ хайрухуш карда пурсид: – Раис ба ин ҷоҳо наомадааст?
– Бегоҳӣ як омада рафта буданд. Аз омаданатон каме пештар овозашон аз тарафи идораи колхоз мебаромад.
Саркор аз пайраҳаи кӯчаи сангфарш, аз зери дарахту ниҳолон, ки қад-қади ҷӯйча сар ба осмон кашида буданд, ба тарафи идораи колхоз роҳ гирифт. Ҳамин ки ӯ дар шаш-ҳафт қадам масофа ба идораи колхоз рӯ ба рӯ шуд, ӯро раиси колхоз – акои Олим ва боз як шахси ношиноси дар тан гимнастёрка, дар сараш кулоҳи ҳарбӣ, дар пояш мӯзаи коргарӣ, пешвоз гирифтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ