Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одил Саркор дасти ба мулоқот дарозшудаи ин шахсро сахт фишурда, дар шӯълаи моҳ ба рӯи ӯ бодиққат нигоҳ мекард, ки акои Олим ӯро ба Саркор шиносонид.
– Ин кас рафиқ Егоров, аз корхонаи механикии Сталинобод.
– Аз корхонае, ки сарпарасти колхози шумост, – бо табассум илова кард Егоров, ки марди тануманди рӯпаҳни миёнақад буд.
– Ҳамин тавр? Бисёр нағз, хуш омадед, – ҷавоб дод Одил ва баъд ҳар се ба идораи колхоз даромаданд.
– Маро ташкилоти ҳизбии корхона фиристод, – роҳравон гуфт Егоров оташи папиросашро бо кафи дасти чапаш панаҳ карда, – ба ман супориш доданд, ки фаҳмам ҳамчун сарпараст аҳли корхонаи мо дар ин рӯзҳо ба шумо аз чӣ хусус ёрӣ расонда метавонанд.
Одил Саркор ҳам ба гап ва ҳам эҳтиёткорона папироскашии Егоров диққат карда, пеш аз ба пурсиши вай ҷавоб додан гуфт:
– Папиросатонро бемалол кашидан гиред, рафиқ Егоров, дар ин наздикиҳо хирмани пахта нест.
Егоров аввало аз ин таъкиди Одил Саркор каме шарм дошт ва баъд ин одати деринаашро шарҳ дода гуфт:
– Мебахшед, ин одат аз Ленингард мерос мондааст.
Чунончи медонед, шаҳри мо аз чор тараф дар муҳосираи душман аст. Шабона заррае оташ намоён шавад, ба чашми душман аён гашта, кас боз ба чандин харобию қурбониҳо зомин мегардад. Бинобар ин, ленинградиҳо одат кардаанд, ки ҳатто папиросро ҳам пинҳонӣ кашанд.
– Ҳоло ман ленинградӣ, гӯед? – Бо як ҳисси меҳрубонӣ пурсид Саркор.
– Ба як ҳисоб ба назди шумо аз номи ду сарпараст – яъне аз Ленинграде, ки сарпарасти Тоҷикистон аст ва аз корхонаи механикие, ки сарпарасти колхозатон мебошад – намоянда шуда омадам.
– Набошад, рафиқ Егоров, боз якбори дигар хуш омадед, – гӯён Одил Саркор дуюмин бор дасти Егоровро самимона фишурду боз пурсид: – Хело вақт инҷониб дар Сталинобод ҳастед?

пешина
аз 333
навбатӣ