Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тухми тоҷиконро ҳам таърихи куҳан ба рӯи олам басе парешон кардааст.
Саид Амон ба назди Мунавваршоҳ рафта истоданашро муваққатан фаромӯш карда буд. Вай аз роҳравӣ монда, овринги хатарнокеро ки дар соҳили муқобил дар камари кӯҳи рост ба дарёфаромада часпонда буданд, бомароқ тамошо мекард. Чунон ки фароштурук дар даҳонаш зарра-зарра лой кашонида ба девори рост мечаспонаду лона месозад, мардуми устокор ва бебок бар ҷабини санги хоро бо мӯъҷизае мехҳои чӯбин зада ва аз болои он чӯбу чахсу хасу хошок баста ва пӯшида помонаке сохтаанд, ки пули сироти афсонавӣ дар наздаш ҳеҷ аст. Агар одам эҳтиёт шуда, ба девораи кӯҳ худро нарасонида қадам монад, гузашта метавонад. Аммо мардуми ба мушкилиҳо обутобёфта аз ҳамин пули аҷал ҳам бо хару хингил ва халтаву хӯрҷини худ мегузаранд.
Панҷи пуртуғён бошад, дар поён роҳи ҳазорсолаи худро ҳамчунон кафкзанон тай мекунад ва на аз тангии як роҳ ғамгин асту на аз вусъати дигараш мамнун.
Саид Амон шарфаи пойро шунида ба пасаш нигарист. Ду нафар аскарони сарҳадчӣ наздик мешуданд. Оне ки рутбаи баландтар дошт, ба тарзи низомӣ салом дод. Ҳанӯз ӯ лаб накушода, Саид Амон ҳуҷҷатҳои худро бароварда дод.
– Лозим нест, – гуфт сарҳадчӣ. – Шуморо мешиносем.
Олими ҷавон ба сарҳадчиён ба мазмуни «Пас, чӣ мехоҳед?» саволомез чашм дӯхт.
– Ба замини бегона дурудароз зеҳн монда истодан... – гуфт он ки рутбааш поёнтар буд ва ба сардораш нигарист.
– Мумкин нест? – пурсид Саид Амон ба ҷои ӯ сухани чаламондаашро ба охир расониданӣ шуда.
– Хуб нест.
– Ман ба овринг менигаристам. Борҳо шунида, аммо ҳеҷ гоҳ надидаам.
– Фарқ надорад. Ба овринг ҳам дурудароз нигоҳ кардан хуб нест. Овринг ҳам азони онҳост, – гуфт он ки рутбааш баландтар буд ва бо ҳамин сӯҳбат тамом гуфтанӣ барин даст ба пешонӣ бурда, ба роҳаш равон шуд.
...Аз хамгашти роҳ кема намоён шуд. Дар ҳар ду тарафи наҳр қатор-қатор дарахтони чормағз, себ, ниҳолони мавзуни сояафкан шинонида шуда буданд.

пешина
аз 248
навбатӣ