Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Саид Амон нақлҳои одамонро ба ёд оварда, аз дил гузаронид, ки як қисми дарахтони Мунавваршоҳ шинонида эҳтимол ҳаминҳо бошанд, чунки дар он қарибиҳо дигар манзили одам ба назар наменамуд.
Кема ба соҳили муқобил ҷафс шуда меистод. Вай кемаи чандон хурд набуд ва агар нағз ҷойгир кунонида тавонанд, ду мошини калони пурбор ва ё як рама гӯсфандро гунҷонида метавонист. Ронандааш дар саҳни кема, ба рӯи хараке нишаста бо сари хам аз чӯб чизе метарошид.
Саид Амон аз дур ба ӯ нигоҳ карда меистод ва ба худ реҷа мекашид, ки чӣ тавр карда бо ӯ шинос мешавад, аз куҷо гап сар мекунад ва чӣ навъ ба сари мақсад меояд. Нохост занҷирҳои кема ҷарангос заданд. Мунавваршоҳ ба ин сӯ кема меронд. Кема дар рӯи мавҷҳои сабзтоби наҳр пайкари худро алвонҷ дода – алвонҷ дода, тақрибан дар ду дақиқа ба ин соҳил расид ва паҳлуи чапи худро, ки барои нарм расидан ба соҳил покрышкаҳои кӯҳнаи автомобил қатор баста шуда буд, ба тахтапул ҷафс намуд.
Мунавваршоҳ ба Саид Амон «марҳамат кунед» гуфтагӣ барин ишорате кард. Олими ҷавон ба наздиктараш расида салом гуфт, ӯ бо нимтаъзиме алек гирифта, занҷири ба мехи соҳил андармонкардаашро кушод ва ба сари суккон баргашт.
Кема аз ҳамлаи мавҷҳои тез ларзида-ларзида ба соҳили дигар роҳ гирифт.
Мунавваршоҳ марди миёнақад ва чорпаҳлуи сафедпӯсте буд. Ришашро тоза тарошида, дар зери бинии рости теғадораш мӯйлаби хурди чаҳоркунҷае гузошта буд. Дар андоми хаёломез, дар чашмони мешии нармнигоҳ, дар сарулибоси оддии коргаронааш ягон чизи фавқулоддае набуд, ки ҳангоми шунидани навои созаш олими ҷавон ба худ ҳамин гуна тасаввур мекард.
Бо вуҷуди ин оддият дар симои Мунавваршоҳ як ифодае, як фарре буд, ки дар қалби бинанда нисбат ба шахси ӯ дарҳол ҳусни таваҷҷӯҳ бедор мекард. Оре, ӯ бо кори ҳаррӯзаи худ банд буд, суккони муқаррарии кемаи муқаррариро идора менамуд, аммо нигоҳаш, ба як тарзи пуртамкин ҷунбонидани сари мӯйсафедаш шаҳодат медод, ки фикру зикре ки ҳоло ӯро машғул медорад, ба хаёлу андешаи дигарон ба ҳар ҳол монанд нест, ӯ ба соҳил, ба мусофири ягонааш Саид Амон, ба мавҷҳои наҳр, ба кема, ба осмону замин якзайл – бо як нигоҳи андаке маҳзуни хайрхоҳона, бо ҳамин гуна нимтабассуми ба зӯр аёни ҳам маҳзунона ва ҳам хайрхоҳона менигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё