Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Саид Амон, ки ба шарофати касбу кори худ бо одамони бегона ба зудӣ ҳамсӯҳбат ва ошно шуданро омӯхта буд, ба ин мард аз ҳамон чаҳор-панҷ қадаме қи байни онҳо монда буд, дигар наздиктар омада натавонист. Ба замми ин, рубоии аз Ҳилолӣ хондаи ошнои малламӯяш ва таъкиду таъиноти ӯ ба хотираш расиду ба хамгап шудан ҷуръат пайдо накард.
Кема ба соҳили дигар расида, ҷафс шуд ва олими ҷавон ба Мунавваршоҳ миннатдорӣ изҳор намуда, пои пиёда ба роҳе равон шуд, ки ӯро ҳаргиз лозим набуд. Вақте ки кема аз назар пинҳон шуд, дар канори роҳ мунтазири мошини роҳгузар нишаст. Аз он тараф дар ӯтоқи мошини боркаш, дар байни коргарони таъмиргари роҳ нишаста, ба деҳа баргашт. Дар сари суккони кема Мунавваршоҳ набуд. Кемаро марди якдастаи аз ӯ ҷавонтаре идора мекард.
– Ҳа, меҳмон-бародар, биё. Марҳамат, бишин. Мунавваршоҳро дидӣ? Чизе напурсидӣ? Э қандата бизан! Одамонро ба гап андохта наметавонию чӣ хел матал ҷамъ мекунӣ?
Майлаш, ман қиссаи ӯро ба ту ҳикоят мекунам, – гуфт марди малламӯй шаби дигар низ Саид Амонро меҳмоннавозона истиқбол гирифта.
Чаро шаб нагуфтам? Хостам, ки камтар азоб кашӣ. Ман медонам, имрӯз аз ду мӯйсафед пурсидӣ, касе ҷавобат надод. Ба пеши худаш рафтӣ, натиҷа набаромад. Ана акнун ба қадри ҳикояти ман мерасӣ. Не, меҳмон-бародар, шӯхӣ мекунам, ҳамту ҳазл мекунам. Маслиҳат кардан даркор буд.
Мунавваршоҳ ба мо раис нест, сардор нест, лекин ҳурматаш мекунем. Агар дар бораи вай ягон кас чизе пурсад, аввал бо ҳамдигар маслиҳат мекунем, лозим донем, ҷавоб медиҳем, лозим надонем, намедонем, мегӯем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё