Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

халқии онро хеле хуб пай бурдааст.

Дар забони адабӣ муродифи ин феъл, таркибҳои озод шудан, раҳо шудан, ҷавоб шудан буда, дар асарҳои нависандагони давр серстеъмол мебошад.

Дар асари Мирзосироҷ ба маънои озод шудан кор фармуда шудааст:

Дар чанд моҳ қабл халос шуда рафт (с. 158).

Ғайр аз феълҳои дар боло ишорашуда боз чунин таркибҳои феълӣ мушоҳида мегарданд, ки дар онҳо хусусияти халқии гуфтугӯӣ барҷаста намоён мешаванд. Феълҳои маътал кардан ва маътал шудан дар забони гуфтугӯӣ серистеъмол мебошанд. Калимаи маътал аслан арабӣ аст: ӯ ҳам моро он ҷо маътал карда рафт (саҳ. 47). Маътал шудан бевосита ба худи иҷрокунандаи амал вобастагӣ дорад: дар қайди тазкира зиёд маътал шуда будем (саҳ. 115).

Маътал кардан ва шудан дар забони адабӣ синонимҳои зиёд дорад. Дар забони адабӣ шаклҳои бекор мондан, интизор шудан, мунтазир шудан, нигарон шудан маънои маътал шуданро дода метавонанд.

Дар "Ғиёс-ул-луғот" ин феъл ба маънои бекормоида ва фурӯ гузошта шарҳ дода шудааст, ки ба шаклҳои адабӣ ва халқӣ аз ҷиҳати маънои умумӣ мувофиқат мекунад.

Дар забони зинда феъли хуш омадан серистеъмол аст. Нависанда ин феълро ба тарзи тасрифиаш хушан омад кор фармудааст. Муродифи ин феъл дар забони адабӣ маъқул шудан, писанд кардан, форидан ва ғайра мебошад. Мирзосироҷ ин феълро ба маънои маъқул шудан истеъмол намудааст: Бандаро аз Рашт бисёр хушам омад (саҳ. 248). Ба ҳамин тариқ, феълҳои гурӯҳи якум барои таъсирнокии забони асар роли муҳим бозидаанд. Ин феълҳо дар забони гуфтугӯӣ-муқаррарии ҳаррӯзаи одамон фаровон истеъмол шаванд ҳам, дар забони адабии китобӣ камтар истифода мегарданд ва ба ҷои онҳо феълҳои забони адабӣ кор фармуда мешаванд. Феълҳои дар боло зикршуда дар асарҳои шоирон ва нависандагони муосирамон фаровон истеъмол мешаванд.

б) Ба гурӯҳи дуюми феълҳо чунин калимаҳои умумиистеъмолие дохил мешаванд, ки онҳо ғайр аз маънои аслии худ боз ба маъноҳои дигар низ кор фармуда мешаванд. Инҳо феълҳое нестанд, ки аз ҷиҳати маъно гуногун буда, ҳамчун омонимҳо ифода ёфтаанд. Аз

пешина
аз 159
навбатӣ