Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

сабаби он ки ин феълҳо ба маъноҳои гуногун соҳибанд, аз ин рӯ вазифаи услубии онҳо назар ба феълҳои гурӯҳи якум равшантар ҳис карда мешаванд. Хусусияти ба худ хоси ин гурӯҳи феълҳо ба маънои маҷозӣ соҳиб будани онҳо мебошад. Аксарияти калимаҳои ин гурӯҳ аз забони зинда гирифта шуда, истеъмоли онҳо хислати индивидуалии забону услуби Мирзосироҷи Ҳаким мебошад.

Дар матн маънии ҳар як феъл вобаста ба маънии калимаи ҳампаҳлӯяш хусусияти махсус гирифта вазифаи услубиаш ҳам равшан мегардад. Масалан, кӯфтан (чизеро кӯфтан, касеро задан, зарба расонидан, кӯбидан). Дар забони зинда асосан шакли кӯв, кӯб, зан истеъмол мешавад. Ғайр аз ин калимаи кӯфтан дар забони халқ маънои лат кардан, майда карданро дорад. Калимаи кӯфтан дар асар дар таркиби ибораи фразеологӣ омада дар ташкили маънои ибора роли муҳим бозидааст: Подшоҳони муқтадиру ботаҷамули исломӣ дар он ҷо табли истиқлол кӯфта алами подшоҳӣ барафроштаанд (саҳ. 219). Дар баъзе ҷойҳо муаллиф ин феълро ба шакли кӯбидан низ истеъмол намудааст.

Феъли ҳавола додан ғайр аз маънои асосии худ дар забони зинда якчанд маъноҳои дигарро дорост. Дар забони зинда шакли ҳаво додан бо ҳавола кардан баробар истеъмол шуда, лекин ин шаклҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳаво додан ба тарзи киноя касеро тез кардан, гоҳо болобардор кардан аст. Маънои дигари машҳури ҳаво додан — партофтан мебошад. Дар «Тӯҳафи аҳли Бухоро» шакли ҳавола додан асосан ба маънои партофтан, додан, гирифта додан оварда шудааст. Дар асар на фақат шакли ҳавола додан, балки шаклҳои ҳавола намудан, ҳавола кардан, ҳавола шудан низ истеъмол шудааст, ки ҳамаи онҳо ба маънои додан, партофтан, гирифта додан оварда шудаанд. Ғайр аз ин, ин феъл ба маънои тамоман нав, ба маънии муносибати молиявӣ-молиётӣ — гузаронидан аз ҳисоби касе (перечислять) низ кор фармуда шудааст: Писари ӯ маблағи панҷоҳ туман ба банда ҳавола намуд (дод) (саҳ. 137). Аксари корҳоро худи амир соҳиб ба шӯро ҳавола мекунад (месупорад) (саҳ. 183). Се сад рупия, ки аз панҷотбошӣ қарз гирифта будам, аз Бухоро ҳавола намуда (дода) барот дода будам (о. 159). Талаби лурӣ ду ҳазору панҷсад сӯм буд, ки аз банки китайский ҳавола намудам (с. 103).

Ғайр аз феълҳои болоӣ нависанда аз забони зинда феълҳои бисёреро интихоб намудааст, ки онҳо ба замимаи маънои аслии худ

пешина
аз 159
навбатӣ