Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
маъноҳои дигарро низ ифода мекунанд ва дар забони китобӣ муродифи худро ҳам доранд. Баъзе аз ин феълҳо ба шакли феълҳои таркибӣ истеъмол шуда ёридиҳандаҳои хос дошта бошанд, қисми дигар дар алоҳидагӣ бо маънои махсус ба кор бурда шудаанд: қадам задан - гаштан, роҳ рафтан, хиромидан: Зану мард, халқи зиёде дар ин бор қадам мезаданд (с.89); қарор додан - вазифа гузоштан: Охир пеши худ қарор додам, ки ба Эрон баргашта равам (с.132). Ҳар рӯз яке аз деҳотро оташ медоданд (с.318). Деҳро ҳам тамоми оташ доданд (с.318); қасос кардан — дар забони арабӣ ба ҷои калимаи қасос одатан калимаҳои интиқом, ниқор кор фармуда мешавад. Нависанда барои такрор наёфтани калимаҳо ҳар ду шаклро истифода бурдааст: Бояд қасос кард (с.325); зироат кардан - коридан, истеҳсол намудан: Зироати гандуму ҷав бисёр мекунанд (с.204). Шакли меқоранд низ истеъмол ёфтааст: Пунба ҳам меқоранд (с.204); омадан - расидан: Аз шаҳрҳои қадим ба назар омад (с.33), яъне ба назар расид; расидан - ба маънои пухтан, пухта расидан: Зироати онҳо ҳам аз соир ҷоҳо ду моҳ ақибтар мерасед (с.148); афтодан - ба маънои ҷойгир шудан, воқеъ гаштан: Шоҳруд дар васати Теҳрон ва Машҳад дар нуқтаи бисёр хубе афтодааст (с.233).
Имзо шудан дар забони арабӣ ба маънои ба ягон ҳуҷҷат қайд гузоштан, даст мондан кор фармуда мешавад. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" ин феъл вазифаи услубӣ пайдо кардааст, ки маънои эътироф карданро медиҳад: Давлати усмонӣ ҳам истиқлоли ӯро имзо намудааст (с.59); мулоҳиза кардан - ҳарбӯрафа фикр кардан, андешидан, санҷидан, тафтиш кардан: Тамоми андаруни ҳиштиро мулоҳиза карда, баъд иҷозаи дохил доданд (с.33).
Мирзосироҷ як гурӯҳ феълҳои дигарро низ истифода бурдааст, ки онҳо имрӯз бештар дар забони гуфтугӯӣ истифода карда мешаванд: баробар кардан, оштӣ додан, амонат гузоштан, маҳв шудан, парманда гардидан, барал гирифтан, гаранг шудан, хӯ кардан, хишова кардан ва ғайра.
Баъзе аз ин феълҳо ғайр аз маънои аслӣ боз маъноҳои дигарро низ ифода мекунанд. Масалан, феъли баробар кардан ба маънои соф кардан, адо кардан: Аз шумо понздаҳ рӯз мӯҳлат мехоҳам, ки дар ин ҷо доду талаб доран, бояд баробар бикунан (с.130); ё ки феъли хишова кардан ба маънои тоза кардан, чидан: алафи бегонаро: Гулҳо ва дарахтҳоро бо иомин ва микроз хишова мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё