Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

(с. 74). Феъли бағал гирифтан низ хоси забони гуфтугӯӣ буда, дар забони адабӣ синонимҳои зиёд дорад: оғӯш кардан, канор гирифтан, дар канор кашидан, вохӯрӣ кардан ва ғайра. Нависанда феъли мазкурро ба маънои муқаррариаш оғӯш кардан истифода намудааст: Мусорунилайҳ хандазанон омада бандаро бағал гирифта гуфт (с.136).

Бо ин тариқа, нависанда аз забони зинда бисёр калима ва таркибҳои феълиро интихоб намудааст, ки дар соддагӣ ва хушбаёнии забони асар роли муҳим бозидаанд.

Аксари феълҳо аз забони зинда гирифтаи муаллиф дар асарҳои шоирон ва нависандагони имрӯзаи мо истифода мешаванд.

  1. Нависанда аз забони зинда на фақат шаклҳои ифодакунандаи мафҳумҳои предметӣ, сифатӣ ва феълиро интихоб намудааст, балки вай дар истеъмоли калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои ҳолӣ калимаҳои дар забони зиндаи умумихалқӣ характернокро ҷудо намуда, мавқеъ ва ҷои онҳоро ба назари эътибор гирифтааст.

Калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои ҳолӣ (зарфӣ) дар таркиби асар миқдори муайянро ташкил медиҳанд.

Як гурӯҳ калимаҳои ҳолие мавҷуданд, ки онҳо аз қадим ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил шуда, барои истеъмолкунандагони забони тоҷик фаҳмо, аниқ ва равшан мебошанд. Ин қабил калимаҳо ва ибораҳо дар таркиби асар серистеъмол буда, як қисми онҳо мафҳумҳои ҳолии замонӣ ҳисоб мешаванд: имрӯз, пагоҳӣ, субҳ, дина, бегоҳ, пешин, аср, шом, як сол пеш, пеш аз ин, ҳафтаи гузашта ва монанди инҳо. Хусусияти характерноки ин гурӯҳи калима ва ибораҳо дар он аст, ки онҳо дар забони зинда серистеъмол буда, дар забони адабӣ низ мавқеи муносиби худро ёфтаанд. Дар асар калимаҳои дигари ифодакунандаи мафҳуми ҳолӣ ҳастанд, ки онҳо ба тарзи гуфтугӯии халқӣ кор фармуда шудаанд. Шакли холо бештар дар шакли холия ва ҳолӣ, поён ба шакли поин истифода шудаанд: Зудтар аз кӯтал поин биёем (с.126). Таркиби чандин карат маънои бор, маротибаро медиҳад. Мирзосироҷ на фақат шакли чандин карат, балки шаклҳои чандин бор, чандин маротибаро барои такрор наёфтани айни як калима кор фармудааст: Ҳар рӯз чандин карат рафта меояд (с.253). Чандин маротиба доду ситод намуд (с.196).

Баъзе калимаҳое ҳастанд, ки онҳо характери гуфтугӯии халқӣ дошта ба услубҳои расмии коргузорӣ ва илмӣ мувофиқат намекунанд.

пешина
аз 159
навбатӣ