Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Масалан: даррав - зуд, фаврӣ, фавран, ҳамоно, ҳамон замон, бо тезӣ: даррав аз ҷо хестам (с.98). бошитоб - зуд, босуръат, тез: Баида ба қадри ду сад қадам аз чорводорҳо ҷилави афтода, бошитоб мерафтам (с.234-235).

Гурӯҳи дигари калимаҳои зарфии дар асар буда ҳам дар забони зинда ва ҳам дар забони адабӣ баробар истеъмол карда мешаванд. Ин қабил калимаҳо синонимҳои худро доранд ва дар ин шаклҳо дар асар баробар кор фармуда шудаанд: қариб - наздик ; яксара - якбора: Баъдҳо ҳам қариб шаш моҳи дигар дар бандихона будан (с.160). Бо мошин яксара ба ҷорҷӯӣ муроҷиат кардан (с.205).

Ғайр аз ин калимаҳо инчунин калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои ҳолиеро мебинем, ки онҳо илова ба иҷрои вазифа ба асар обуранги бадеӣ низ мебахшанд. Ин калимаҳо дар забони зинда ва адабӣ серистеъмол мебошанд: пиёда, савора, ялагард, сарупо истодан, нишаста, роҳ рафта, сарчавқ, кашон-кашон, хандазанон ва ғайра.

КАЛИМАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА КӮҲНАШУДА

Дигаргунии сиёсию таърихии мамлакат, муносибатҳои истеҳсолӣ, тараққиёти истеҳсолот, савдо, санъату маданият ва ғайра омилҳои умумии бой гардидани забон мебошанд.

Дар ҳар як давраи таърихӣ мувофиқи шароити иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ ба забон калима ва ибораҳои зиёде дохил шуда, чун баъзе калимаҳову ибора ва калимаҳои нав иқрор менамоянд ва як қатор калимаҳо мафҳумҳои нав мегиранд.

"Аз байн рафтани маънои ин ё он калимаи ибора -, менависад Н.М.Шанский, — факте забонист, ки дар муддати дуру дароз ба амал намеояд ва бо ин роҳ калимаи ибораҳо ба гурӯҳи калимаҳои архаистӣ мегузаранд"5.

Процесси аз байн рафтани калима чунин аст: калима дар навбати аввал оҳиста-оҳиста аз фонди умумистеъмолӣ баромада, дар муддати таърихии зиёде ба қабати камистеъмоли лексикӣ дохил мегардад ва ин як давраи муайянро дарбар мегирад ва дар охир калима аз хотири одамон фаромӯш мешавад.

Калимаҳои таърихӣ дар романҳои таърихӣ, сафарномаҳо ва ёддоштҳо бисёртар истифода мешаванд, зеро мазмун ва мундариҷаи ғоявии ин асарҳо ҳам инро талаб мекунад.

пешина
аз 159
навбатӣ