Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Калима ва ибораҳои таърихии "Туҳафи аҳли Бухоро" дар доираи лексикии он як миқдори муайянро ташкил мекунанд. Асар, ки пеш аз революсияи Октябр навишта шудааст, вобаста ба талаботи шароити замон ва давраи таърихӣ миқдори зиёди калимаҳои таърихиро дарбар гирифтааст. Баъзе калимаҳою ибораҳои таърихии асар дар он давра барои мутолиакунандагонаш фаҳмо бошанд ҳам, бо мурури замон дар забони адабии тоҷик ба гурӯҳи калимаҳои кӯҳнашуда дохил шудаанд. Калимаҳои кӯҳнашуда чунин хусусиятҳо доранд. Як гурӯҳи онҳо дар забони адабии ҳозира синоними худро доранд, гурӯҳи дигарашон бо ҳамон шакли пештараи худ дар асаруои нависандагони имрӯза ҳам истеъмол мешаванд, баъзе аз ин қабил калимаҳо маъноҳои нав ҳам мегиранд.

Калимаҳои кӯҳнашуда ва таърихии "Туҳафи аҳли Бухоро" ба характер ва ба тасвири ҳодисаҳои асар зич алоқаманд аст. Муаллиф ба воситаи ин калимаҳо хонандагонро бо сохти феодалии он давра, бо шароитҳои географӣ, бо савдо, тараққиёти илм, маданият ва санъат шинос мегардонад. Характери ин калимаҳо дар асар вобаста бо предметҳои тасвиршуда таъин карда мешавад ва онҳо категорияи махсуси луғавиро ташкил медиҳанд.

Калимаҳои кӯҳнашудаи асар аз якдигар аз ҷиҳати маъно ва вазифаи худ фарқ мекунанд. Калимаҳои кӯҳнашуда ва таърихин асарро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

I. Гурӯҳи калимаҳои таърихӣ, ки сохти амирӣ, аппарати давлатдорӣ ва номҳои гуногуни барои он сохт хизматкунандаро ифода мекунанд: шоҳ, шоҳзода, султон, вазир, оқсақол, олчин, арбоб, охунд, ҳоким, ашроф, амин, миршаб, қозӣ, амир, раис, қозикалон, обо охунд, усмон охунд, салтанат, зукуҳгир, закотчӣ ва монандӣ инҳо. Баъзе аз ин калимаҳо ҳоло дар забони адабӣ истифода карда мешаванд. Вале қисме аз онҳо маъноҳои тамоман нав гирифтаанд, ки бо маънои пешинаи худ мувофиқат намекунанд. Масалан, калимаи вазир дар забони адабии ҳозираи тоҷик ба маънои нав соҳиб гаштааст. Агар пеш аз революция ин калима ба маънои "ёрдамчии шоҳ ва иҷрокунандаи мансаби баланди дарбори ҳокимият бошад", ҳоло маънои нав гирифта, аз ҷиҳати адои вазифа низ фарқ мекунад. Калимаи раис дар забони адабии имрӯза нисбат ба маънои пештарааш тағйир ёфта, маънои нав гирифтааст. Калимаи оқсақол низ маънои пештараашро гум кардааст. Дар асар ба маънои яке аз мансабдорони давраи амирӣ ба кор бурда шудааст.

пешина
аз 159
навбатӣ