Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Масалан, ҳар ӯба ҳам, ки сад хонаӣ, панҷсад хона бошад, як оқсоқол доштанд, ки худи онҳо олчин хитоб мекарданд (с.100). Дар мисоли боло калимаи оқсоқол ба маънои сардори аҳолии як маҳалли муайян омадааст. Дар нутқи нависанда калимаҳои таърихии қози, амин, султон, қушбегӣ, сарбоз, охунд, эшон ва ғайра ҳамчун термин истеъмол шудаанд. Нависанда ба воситаи ин калимаҳо хонандагонро ба сохти амирӣ, аппарати давлатдории он ва ба тартиботи ҷамъиятии феодалӣ шинос намудааст.
- Гурӯҳи дигари калима ва ибораҳои таърихӣ номҳои мансаб, рутба, хизматчиёни ҳарбӣ ва ифодакунандаи тартиботи ҷамъиятии давраи феодалиро мефаҳмонанд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои: тӯпчибошӣ, тоҷирбошӣ, ясавулбошӣ, муншибошӣ, даҳбошӣ, дарёбегӣ, фаррошбошӣ, сархидматчӣ, сарбоз, навкар, мирпанҷа, сартиб, раиси қӯшун, сӯбадор ва монандӣ инҳо дохил мешаванд.
Ин калимаҳо ҳамчун лексикаи хоси давраи муайяни таърихӣ эквивалентҳои худро надоранд, бинобар он ба ҷои онҳо кор фармудани калимаҳои дигар сабаби тағйир ёфтани маъно ва ҳодисаи таърихӣ мегардад. Бештари калимаҳои номбаршуда калимаҳои мураккаб буда, қисми аввалашон тоҷикӣ ва қисми дуюмашон калимаи туркӣ мебошад. Мисолҳо, тӯпчибошӣ - сардори сарбозони тӯпчии амир ва сардори дарвозабонони арки амирро меноманд: Он вақт бандаро як нафар шогирдпешае дар назди тӯпчибошӣ арк фиристод (с.342)
дарёбегӣ - сардор ва раиси умуроти дарёҳо, ки он аз тарафи шоҳ таъин карда мешуд, ин термин зоҳиран хоси забони форсии Эрон аст ва дар Осиёи Миёна маъмул набуд; дарёбегӣ ҳам аз тарафи давлати Эрон муқаррар аст (с.266).
фаррошбошӣ - сардори пешхизматон, сардори хизматгорони хонаву ҷо. Дар забони асар ба ҳамин маъно омадааст: Аз ин ҷиҳат пеши фаррошбошии ҳукумат рафта хоҳиш намудам (с.136).
Даҳбошӣ — сардори даҳ сипоҳиро гӯянд. Калимаи навкар — маънои хизматгор, пешхизмати ҳарбии феодал ё ҳокимиро ифода мекунад.
Сӯбадор — номи мансаб, соҳиби ин мансаб ба 20-25 нафар одамон сардор аст: он ки ба бисту панҷ нафар раио аст, сӯбадор мегӯянд (с.168). Ин калима дар шакли савбадор низ истифода карда мешавад. Ҳокими вилоятро (дар Ҳиндустон) савбадор меноманд: низомулмулк, ки савбадори давлатобод... шуда буд. рафт. (“Таърихи Фаришта”), “Фарҳанги забони тоҷикӣ”. Ҷ. II. М. 1969. с. 168.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё