Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Савба ё сӯба калимаи арабӣ буда, маънояш вилоят, ноҳия (дар Ҳиндустон) мебошад.

Калимаҳои навкар, сарбоз, сӯбадор ва монанди инҳо номи хизматчиёни оддии ҳарбӣ, рутбаҳои армияи аморати Бухоро, Эрон ва Ҳиндустони он замонаро ифода мекунанд.

  1. Дар “Туҳафи аҳли Бухоро” (дар нутки муаллиф) як гурӯҳ калимаҳо истифода шудаанд, ки мафҳумҳои тақсимоти маъмурии шаҳр, номҳои махсуси асбобу анҷом, чизҳои мутааллиқи шаҳру деҳоти Бухоро ва Эрону Афғонистони он давраро мефаҳмонанд: тим, долон, қӯрғон, ҳисор, солуни (салони) ризохӯрӣ, раста, хонақо, гумбад, тимча, корвонсарой, собот, ӯток, қасабача, манораи мусаллас, байтулмол, айнулмол, шӯрои ом, шӯрои хос ва ғайра. Баъзе аз ин калимаҳо дар асарҳои устод Айнӣ истеъмол шудаанд. Ба ин муносабат як қисми ин гуна калимаҳо дар “Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик”-и Н.Маъсумӣ шарҳу эзоҳи худро ёфтаанд.

Калимаи тим - дар “Ғиёс-ул-луғот” ба маънои корвонсарой ва киноя аз дунёву мулк омадааст7.

тим - биноест, ки дар шакли мудаввар дар дохили бозор созанд: чандин тимча ва корвонсарой дар ин чорсу аст (с.120);

хонақо - маконе ки барои дарвешон аст8: мадраса, масҷид ва хонақои бузурге сохтааст (с.46);

қасабача - деҳаи хурд. Дар “Ғиёс-ул-луғот” ба шакли “қасабча” ба маънии порча аз қисми катон шарҳ ёфтааст. Лекин дар матни асар ин калима бояд қасабача ба маънии деҳаи хурд бошад: дигар қасабачаҳои обод ҳам дар ағлаби истансахӯ зиёд аст (с.39)

манораи мусаллас - манораи сегӯша.

“Ғиёс-ул-луғот” низ ба маънои сегӯша шарҳ додааст. Масалан, дигар як манораи мусаллас дар беруни масҷид аст (с.41).

байтулмол - моли умумӣ аст, ки он ба мусаррифи қӯшуни мамлакат мерасад, айнулмол - сарвати шахсии амирсоҳиб аст: хазона ду қисми аст, яке байтулмол, яке айнулмол (с.173);

Шӯрои хос - маҷлиси аъён аст. Иборат аз бисту панҷ нафар вузаро, моҳзодагон ва атрофу аркони давлатианд: Ду маҷлис мебошад. Якеро шӯрои ом ва якеро шӯрои хос мегӯянд (с.173).

  1. Калимаҳои ифодакунандаи номи муассисаҳои ҳукуматӣ, динӣ, номҳои кӯҳнаи маъмурӣ: зарробхона, панҷотхона, кӯпкхона, қӯрхона, девонхона, тӯбхона, сақохона, антиқхона, обдорхона,
пешина
аз 159
навбатӣ