Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ва вай ёд кардааст ба се далел: яке он ки номи ин китоб бо ҳарфи алиф оғоз мешавад; дигар он ки ба ақидаи муаллиф, ба сабаби шомил будани улуми охират бар дигар китобҳои Ғаззолӣ бартарӣ дорад; сабаби севвум он ки ин китоби хуршедосо аз шуҳрати ҷаҳонӣ бархӯрдор аст.

Кӯтоҳи сухан он ки барои огоҳӣ аз тартиби алифбоии осори Ғаззолӣ, беҳтар аст ба муқаддимаи Муртазо Забидӣ бар шарҳи даҳҷилдии «Эҳёи улуми-д-дин» руҷӯъ шавад ва дар мавриди тартиби таърихии осори Ғаззолӣ ва тамйизи китобҳои асили вай аз осори мансуб ва машкук, беҳтар аз ҳар маъхаз — то ин таърих — муқаддимаи китоби «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» таълифи доктор Абдурраҳмон Бадавӣ аст. Бад-ин тартиб:

ТАРТИБИ ТАЪРИХИИ ОСОРІ ИМОМ МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ ДАР ПАНҶ МАРҲАЛА:

а) Осори солҳои донишандӯзӣ (465-478ҳ.):

  1. ат-Таълиқату фи фурӯи-л-мазҳаб¹
  2. ал-Манҳул фи-л-усул².

б) Осори нахустини даврони дарсу баҳс:

  1. ал-Басит фи-л-фурӯъ
  2. ал-Васит
  3. ал-Вачиз

¹ Ин китоб маҷмӯаи ҳамон таълиқаҳоест, ки ба ҳангоми бозгашти Ғаззолӣ аз сафари Ҷурҷон ба дасти роҳзанон афтод ва ӯ бо илтимосу зорӣ онро – пас аз шунидани маълумоте – аз раиси роҳзанон пас гирифт.
² Дар бораи ин китоб худи Ғаззолӣ дар макотиб чунин навишта: Пас аз таълике, ки дар ҳоли кӯдакӣ карда будем ва ба заҳри он «ал-Манҳул мин таълики-л-усул» навишта будам (Макотиб – С.12)

пешина
аз 567
навбатӣ