Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

дил бастам то боварам гардад, ки «ҳосили коргаҳи кав-ну макон ин ҳама нест...»

Пас, агар беморӣ ва фарсудагии даврони кӯҳулат натавонистаанд маро аз талошу кӯшиш боздоранд ҷои шигифтӣ нахоҳад буд, зеро ақида дорам, ки бо нерӯи донишҷӯй ва мардумдӯстӣ ва умедворӣ, анҷоми ҳар кори душвор осон мешавад ва касоне, ки ба лутфи Ҳақ аз ин нерӯҳо баҳравар гарданд, монанди озодагон пайва-ста даст дар кор доранд ва дил бо ёр.

Инак, ба ҳама касоне, ки дар гузашта ва ҳол барои нишон додани чеҳраи воқеии Имом Муҳаммади Ғаззо-лӣ умре сарф кардаанд, дуруд мефиристам ва ошкоро ёдовар мешавам, ки дар ҳадди имкон аз мутолааи ки-тобҳо ва мақолаҳое, ки то кунун дар мавриди Ғаззолӣ ба тозиву пор-сӣ мунташир шуда, дареғ наварзидаам. Ал-батта, аз осоре, ки баҳравар гаштаам, дар поварақҳои сафҳаҳои ин матн ёд кардаам.

Аммо дар мавриди сиҳҳату суқми бархе аз аҳодис ва ахбори нақл шуда дар ин китоб, донишварони му-сулмон ва зуамои мазоҳиби мухталифи фиқҳӣ, тайи нӯҳ-саду анд соле, ки бар умри ин китоб гузашта, бисёр ба доварӣ нишастаанд, ва аксарияти онон саранҷом ба ин натиҷа расиданд, ки лағзишҳои эҳтимолӣ ва андаки му-саннифро ба хизмати арзандае, ки вай бо нигориши ин донишномаи азими улуми динӣ барои ривоҷи андеша-ҳои асили исломӣ дар паҳнаи гетӣ анҷом додааст, мета-вон бахшид. Инак, бо нақли ду маврид аз эътирофоти шаҳиди роҳи ақидат, Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва як мав-рид аз ситоишҳои камназири Муллосадрои Шерозӣ - ки дар китоби гаронқадри «Асфор»-и худ ба ситоиши вай пардохта - ин баҳсро ба поён мебарам, бо ин тазаккур, ки барои шинохти арҷмандии «Эҳё» ва нависандааш низ набояд аз довариҳои мунсифонаи мардоне ҳамчун Мулло

пешина
аз 567
навбатӣ