Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Қоидаи дуввум он ки агарчӣ мусанниф дар баёни аҳкоми фиқҳӣ бар як қавл, ки мухтори ӯст, иқтисор намудааст — ва он дар аксар ва аъамм мазҳаби шофеъӣ аст — ва дар баёни ихтилофи мазоҳиб шурӯъ накарда, аммо ин мутарҷим баёни мазҳабайн ва ихтилофи ақвол ва фариқайн ба сабили эҷоз биёвардааст, то фоидаи он омтар бошад ва мақсуди ҳар ду фариқ бо хусул пайвандад ва хотири касеро аз эшон ба сабаби мухолафати мазҳаб набвате ва нафрате набвад.

Қоидаи севвум он ки ҳар сухане, ки ба зиёдати баёну тафсир ва шарҳу тақрир ҳоҷат дошт ва ё танбеҳ бар нуктае ва дақиқае он ҷо муҳим буд, он низ бар тариқи ихтисор оварда шудааст ва бар чизе ки фоидаи он бағоят азим аст ва баёни он нек муҳим иқтисор афтода. Чунон ки дар «Китоби илм», ки аввали кутуб аст, қариб чиҳил «фоида» зиёдат шудааст. Баъзе аз он муайян аст бад-ин лафз, ки «Мутарҷим мегӯяд» ва баъзе муайян нест, бад-он чӣ дар зимни тарҷума мундариҷ шудааст² ва қатъи сиёқи сухан барои андак дақиқае лоиқ нанамуда ва дар кутуби дигар ҳам чунин аст. Ва ҳар кӣ аслу тарҷума бихонад бар мазид мутталеъ тавонад шуд.

Ва ин тарҷумаро бар асли «Эҳё» бо се чиз мазият аст:

Яке он ки аз «Эҳё» ҷуз тозидонро манфаат нест ва аз ин тарҷума ҳам тозидонро манфаат аст ва ҳам порсихонро.

Дуввум он ки аз аҳкоми «Эҳё» ҷуз як мазҳаб маълум нашавад ва аз ин ҳар ду мазҳаб [15] маълум гардад.

¹ Набват — нафрат, кудурат.
² Дар тасҳеҳ мушаххас шудааст.

пешина
аз 567
навбатӣ