Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Севвум он ки дар ин тарҷума қариб ҳазор «фоида» хоҳад буд, ки «Эҳё» аз он холии аст.
Қоидаи чаҳорум он ки аз такаллуфи иборат ва танаввуқи1 истиорат ва талаби муқорана ва тасҷеъ ва кӯшидан дар таҷнис ва тарсеъ эҳтироз намуда шудааст, магар он ки чизе бе иртикоби такаллуф ва иқтиҳоми2 таассуф3 бар қалам рафта бошад, барои чанд маъно:
Яке он ки ин навъ такаллуф лоиқи таворих ва асмор тавонад буд, ки аксари он акозиб ва аботил бошад ва аз ҷамоли аслӣ ва камоли куллии ҳақиқӣ орью отил ва ба ҳиляти иборат ва зинати истиорат, ки ҷамоли оризӣ ва камоли расмӣ аст, мӯҳтоҷу муфтақир ва ҳақоику маориф аз он мустағнӣ ва бениёз бувад. «Лайса-т-такаҳҳулу фи-л-айнайни ка-л-қаҳалӣ»4.
Дуввум он ки «Эҳё» китоби дароз аст ва чун оёту ахбор ва баъзе аз осор биайниҳо эрод карда мешавад, пас тафсири он тақрир карда меояд ва ихтилофи мазҳабайн ва завоиди фавоид бо он замм мегардад, ҳар оина дарозтар мешавад. Ва агар дар таҳсини иборат кӯшида омадӣ, татвил аз андоза бигзаштӣ ва сабаби малолат ва мӯҷиби саомати хонандагон гаштӣ ва дар истиктоб ва истинсох навъи тааззуре будӣ.
Севвум он ки аксар такаллуф ва аглаб танаввуқ ба маҷоз ва истиорат бошад. Ва дар илмҳои ақлӣ муқаррар шудааст, ки дар баёни ҳақоиқ аз алфози маҷозӣ ва мустаъор эҳтироз лозим аст, чи сабаби ихтилоли фаҳм ва мазиди ишкол бошад. Ва дар ин мақом зиёдати талат-туф бояд, то ба фаҳм наздик шавад, на зиёдати такал-луф, ки бад-он ихтилоли фаҳм ҳосил ояд.
1 Танаввук - устодӣ, чарбдастӣ.
2 Иқтиҳом - ба унф дар коре шудан, бе андеша дар коре даромадан.
3 Таассуф - инҳироф, гумроҳӣ.
4 Сиёҳии табиии буни мижаҳо дар ду чашм ҳамчун сурма нест; «бар баста дигар бошад ва бар руста дигар».
Қоидаи панҷум он ки дар он кӯшида омадааст, ки бештари алфоз порсӣ бошад, магар ҷойе, ки ёфта нашу-дааст ва агар ёфта шудааст мусталаҳ ва мутаораф набу-дааст ва агар будааст, салосат ва узубати лафзи тозӣ надоштааст ва аз гароние ва истиқрохе холӣ набуда - иммо дар лафзи муфрад ва иммо дар таркиб - ва агар доштааст дар мувозанаи он лафзе будааст, ки мавқеи лафзи тозӣ дар он хубтар аз порсӣ мебуд. Филҷумла, удул аз порсӣ ҷуз ба мӯҷибе набудааст, магар чизе ки бар сабили шузуз1 ва нудур2 бар қалам рафта бошад. «Ва-л-Лоҳу аъламу би-с-савоб».
1 Шузуз - камёбӣ, дерёбӣ, душворёбӣ.
2 Нудур - нудрат, камёбӣ.
3 Чун атрофи бархе аз сафҳаҳои оғози нусхаи хаттии музейи Британия пора ё нохоно шудааст, ногузир ба шеваи илтиқот аз нусхаи мухтасари Туркия истифода кардем ва шумораи сафҳаҳои нусхаи Туркияро то ин ҷо дар ин аломат [ ] ниҳодем ва аз ин нусха танҳо тарҷумаи чаҳор китоб аз «Рубъи ибодот»-ро дар бар дорад, вале аз ин пас шумораи сафҳаҳои «Рубъи ибодот» бо нусхаи мӯ-зейи Британия ҳамоҳанг мешавад ва ин шумораҳо махсус ба сафҳа аст, на варақ. Дар мавриди шуморагузории нусхаҳои хаттии се рубъи дигар ба ҷои худ ёд хоҳад шуд. — Хидевҷам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё