Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

боби аввал

ДАР ФАЗЛИ ИЛМ ВА ТААЛЛУМ ВА ТАЪЛИМ ВА ШАВОХИДИ ОН АЗ НАҚЛ ВА АҚЛ

ФАЗИЛАТИ ИЛМ

Оёти Қуръон. Қавлуҳу таъоло: «Шаҳида-л-Лоҳу аннаҳу ло Илоҳа илло Ҳува ва-л-малоикату ва улу-л-илми»¹. Дар ин оят назаре шофӣ ва фикре софӣ воҷиб бояд дошт, ки чӣ гуна ба зоти муқаддаси худ ибтидо фармудааст ва ба малоика мусанно карда ва ба аҳли илм мусаллас гардонида. Ва ин шарафу ҷалолат ва фазлу наболат² аҳли илмро басанда аст.

Мутарҷим мегӯяд, ки чунон ки дар ин оят уламоро дар мартабаи севвум ёд фармудааст, дар ривояти дигар дар мартабаи дуввум ёд кардааст – қавлуҳу таъоло: «Қул кафо би-л-Лоҳи шаҳидан байни ва байнакум ва ман индаҳу илму-л-китоб»³. Қавлуҳу таъоло: «Ва мо яъламу таъвилаҳу илла-л-Лоҳу ва-р-росиҳуна фи-л-илми»⁴. Ва ин бар қавли он кас бошад, ки ба лафзи «Аллоҳ» вақф накунад.

Ва қавлуҳу таъоло: «Ярфаъу-л-Лоҳу-л-лазина оману минкум ва-л-лазина уту-л-илма дараҷотин»⁵. Ибни Аббос – разия-л-Лоҳу анҳумо -мегӯяд дар тафсири ин оят, ки ула-

¹ Оли Имрон, 3:18.
² Наболат – наҷобат, огоҳӣ.
³ Раъд, 13:43.
⁴ Оли Имрон, 3:7.
⁵ Муҷодала, 58:11.

пешина
аз 567
навбатӣ