Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

моро фавқи мӯъминон ҳафтсад дараҷа аст, ки аз дараҷае то ба дараҷае панҷсадсола роҳ аст.

Ва қавлуҳу таъоло: «Кул ҳал ястави-л-лазина яъламу-на ва-л-лазина ло яъламуна»1.

Ва қавлуҳу таъоло: «Иннамо яхша-л-Лоҳа мин ибоди-ҳи-л-уламоу»2.

Мутарҷим мегӯяд, ки «иннамо» дар арабият ҳаср иқтизо кунад, пас муқтазии оят он бошад, ки ҳашят ҷуз уламоро набувад. Ва дар ояти дигар мефармояд: «Ҷазоу-ҳум инда раббиҳим ҷанноту аднин таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳору холидина фиҳо абадан разия-л-Лоҳу анҳум ва разу анҳу золика лиман хашия раббаҳ»3. Ва калимаи «золик» ишорат ба маҷмӯи биҳишт ва ризост ва он мубтадост, «ва лиман хашия раббаҳ» хабари вай аст ва раво набошад, ки хабар хостар аз мубтадо бувад. Пас, маънии оят он бошад, ки маҷмӯи биҳишт ва ризо ҷуз аҳли ҳашятро набувад. Ва аз ояти аввал равшан шудааст, ки ҳашят ҷуз уламоро набо-шад. Пас, аз маҷмӯи ин ду оят лозим ояд, ки маҷмӯи биҳишт ва ризо ҷуз уламоро набувад.

Ва қавлуҳу таъоло: «Қола-л-лази индаҳу илмун мина-л-китоби ано отика биҳи қабла ан яртадда илайка тарфука»4. Дар ин оят танбеҳе аст, ки ин қудрат вайро ба қуввати илм бувад.

Ва қавлуҳу таъоло: «Ва қола-л-лазина уту-л-илма вай-лакум савобу-л-Лоҳи хайрун»5 баён мефармояд, ки азамати қадри охират ба илм тавон донист.

Ва қавлуҳу таъоло: «Ва тилка-л-амсолу назрибуҳо лин-носи

пешина
аз 567
навбатӣ