Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

эҷоби талаби илм ва Чинро бад-он ёд кардааст, ки дар ғояти дурӣ аст аз Ҳиҷоз. Ай, ҳар ҷое, ки мавҷуд шавад. Талаб воҷиб бувад, агарчи дар ниҳояти дурӣ бошад.

Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «ал-Илму хазоину ва мафотиҳуҳа-с-суолу, фасъалу фаиннаҳу юҷҷару фиҳи ар-баъатун: ас-соилу ва-л-олиму ва-л-мустамиҳу ва-л-муҳиббу лаҳум». Ай, илм хазинаҳост ва калидҳои он суол аст, пас, суол бояд кард, ки дар он чаҳор кас савоб ёбанд: пурсанда, олим, шунаванда ва дӯстдори эшон.

Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ло янбағӣ ли-л-ҷоҳили ан яскута ало ҷаҳлиҳӣ ва ло ли-л-олими ан яскута ан илмиҳӣ». Ай, набояд, ки ҷоҳил бар ҷаҳли худ хомӯш бувад ва олим аз илми худ.

Ва Бузар аз вай ривоят кард, ки гуфт: «Хузуру маҷлиси олимин афзалу мин салоти алфи рақъатин ва иёдати алфи маризин ва шуҳуди алфи ҷанозатин». Ай, ҳузури маҷлиси илм фозилтар аз гузордани ҳазор рақъат намоз ва пурсидани ҳазор бемор ва шуҳуди ҳазор ҷаноза. Гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ! Аз хондани Қуръон ҳам?». Фармуд: «Ҳал янфаъу-л-Қуръону илло би-л-илм?» Ай, Қуръон манфиат накунад, магар ба илм.

Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ман ҷоаҳу-л-мавту ва ҳува ятлубу-л-илма липоҳийя-л-ислома, фабайнаҳу ва байна-л-анбиёи фи-л-ҷаннати дараҷатун воҳидатун». Ай, ҳар кӣ талаби илм барои эҳёи ислом кунад ва вафоти ӯ дар он бошад, миёни ӯ ва миёни пайғамбарон дар биҳишт як дараҷа бувад.

Осор. Ибни Аббос гуфт: «Залалту толибан фаъазазту матлубан». Ай, мазаллат кашидам дар он ҳол, ки толиби илм будам ва иззат дидам дар ин ҳол, ки матлуб шудам. Ва барои ин Ибни Абимулайка гуфт: «Мисли Ибни Аббос надидам, ки дар ҳоли мулоқот рӯяш аз ҳама хубтар аст ва дар вақти сухан забонаш аз ҳама фасеҳтар ва дар замони фатво илмаш аз ҳама бештар». [16]

пешина
аз 567
навбатӣ