Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ибни Муборак гуфт: «Маро бар ҳеҷ кас он раҳмат наёяд, ки бар ду кас: яке он ки талаби илм кунад ва қуввати фаҳм надорад ва дуввум он ки фаҳм кунад ва доияи талабаш набошад».
Мутарҷим мегӯяд, ки соҳиби фаҳмро чун доияи илм набошад ва ба илм машғул нашавад, чӣ чизро фаҳм кунад? Пас, фаҳми ӯ зоеъ шуда бошад. Ва соҳиби доияро чун фаҳм набошад ба он чӣ ранҷи бисёр таҳаммул намояд, ғараз ҳосил нашавад ва ранҷи ӯ зоеъ гардад ва ҳар киро чизе зоеъ шавад, дар маърази марҳамат бувад.
Ва Будардо гуфт: «Тааллуми як масъала наздики ман дӯсттар аз қиёми шабе». Ва низ гуфт: «Олим ва мутааллим дар савоб шарик бошанд ва дигар мардумон хармагасанд, ки дар эшон ҳеҷ накӯӣ нест». Ва низ гуфт: «Олим бош ё мутааллим ё мустамеъ ва чаҳорум мабош, ки ҳалок шавӣ».
Ва Ато гуфт: «Як маҷлиси илм каффорати ҳафтод маҷлиси лаҳв бошад».
Ва Умар гуфт: «Марги ҳазор обид, ки шабу рӯз намоз гузоранд, осонтар аз марги як [олим], ки ҳалолу ҳароми Худой донад».
Ва Шофеъӣ гуфт – разия-л-Лоҳу анҳу: «Талаби илм фозилтар аз намози нафл».
Ибни Абдулҳакам гуфт: «Бари Молик1 [илм] мехондам, вақти намози пешин даромад. Китобҳо ҷамъ кардам то ба намоз машғул шавам, фармуд: «Он чӣ барои он бармехеҳӣ фозилтар аз он нест, ки дар он будӣ, чун ният саҳеҳ бошад».
Ва Будардо гуфт: «Ҳар кӣ чунин донад, ки бомдод ба талаби илм машғул шудан муҷоҳада нест, ноқис ба раъйю ақл бувад».
1 Молик ибни Анас, ҳар ҷо ки Молик танҳо омада, мурод Молик ибни Анас аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё