Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Мутарчим мегӯяд, ки дар ин оят ба се навъ даъват фармудааст: ҳикмат, мавъизат ва муҷодала, бад-он чи мардумон се қисманд: хавосс, авом ва мутавасситон. Пас, даъвати хавосс ба ҳикмат бошад ва даъвати авом ба мавъизат ва даъвати мутавасситон — ки аз ҳадди авом даргузашта бошанд, ва бад-он сабаб мавъизатро дар эшон таъсире набувад ва ҳуҷҷат хоҳанд ва ба дараҷаи хавосс нарасида ва бад-он мӯҷиби ҳикматро фаҳм натавонанд кард — ҷуз ба муҷодала набошад. Ва муҷодалаи аҳсан он аст, ки муқаддамоти он мусалламоти хасм бувад, чӣ пас аз таслим манъ натавонад кард.
Ва қавлуҳу таъоло: «Ва юъаллимуҳуму-л-китоба ва-л-ҳикмата»2.
Мутарчим мегӯяд, ки муфассирон дар ин оят мухталиф шудаанд. Як қавл он аст, ки таълими китоб таълими тиловати Қуръон аст ва таълими ҳикмат таълими тафаккуҳ дар он. Ва қавли дуввум: Қуръон аст ва суннати Пайғомбар. Ва қавли севвум: мурод аз китоб оёти муҳкам аст ва аз ҳикмат оёти муташобеҳ. Ва қавли чаҳорум: мурод аз китоб аҳкоми Қуръон ва мурод аз ҳикмат ҳукми он аҳком.
Ахбор. Чун Пайғомбар — алайҳи-с-салом — Муозро ба Яман фиристод гуфт: «Лан яҳдия-л-Лоҳу бика раҷулан воҳидан хайрун лака мина-д-дунё ва мо фиҳо». Аз ин, [агар] Ҳаққ таъоло як мардро ба воситаи ту ҳидоят бахшад, туро беҳ аз он ки дунё ва он чӣ дар вай аст. Ва гуфт: «Ман таъаллама бобан мина-л-илми лиюъаллима-н-носа ӯтия савоба сабъина набиян сиддиқан». Аз ин, ҳар кӣ як боб аз илм биёмӯзад бар нияти он чӣ мардумонро барои Худой таълим кунад, савоби ҳафтод пайғомбари сиддиқ ёбад.
Ва Исо — алайҳи-с-салом — гуфт: «Ман алима ва амила ва аллама фазолика юдъо азиман фӣ малакути-с-самовот».
1 Таслим — эътироф.
2 Ҷумъа, 62:2.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё