Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ай, ҳар кӣ илм донад ва бар он кор кунад ва дигаронро биёмӯзад, ӯро дар малакути осмонҳо азим хонанд.
Ва Пайғомбар - алайҳи-с-салом - гуфт: «Изо кона явму-л-қиёмати якулу-л-Лоҳу ли-л-обидина-л-муҷоҳидина: удхулу-л-ҷанната. Фаякулу-л-уламоу: бифазли илмино таъаббаду ва ҷоҳаду. Фаякулу-л-Лоҳу - азза ва ҷалла - ан-тум индӣ кабаъзи малоикатӣ ишфаъу тушаффаъу. Фаяшфаъуна сумма ядхулуна-л-ҷанната». Ай, чун рӯзи қиёмат бошад, Ҳаққ таъоло обидони муҷоҳидро фармояд, ки дар биҳишт равед. Олимон гӯянд, ки таъаббуд ва муҷоҳадаи эшон ба фазли илми мо буд. Ҳаққ таъоло фармояд: «Манзалати шумо наздики ман чун манзалати фариштагони ман аст, шумо дар ҳаққи дигарон шафоат кунед, то шафоати шумо ба иззи қабул мақрун шавад». Пас, эшон бар ҳукми [18] фармон шафоат кунанд, он гоҳ ба биҳишт раванд. Ва ин дар ҳаққи олиме бошад, ки илми вай аз рӯи таълим ба дигарон расад ва бар нафси вай мақсур набвад.
Ва гуфт: «Инна-л-Лоҳа ло янтазиъу-л-илма интизоъан мина-н-носи баъда ан юҳтияҳум ийёҳ, валокин язҳабу бизиҳоби-л-уламои, ва кулламо заҳаба олимун заҳаба бимо маъаҳу мина-л-илми ҳатто изо лам ябқа [илло] руасоу ҷуҳҳолу, ин суилу афтав биғайри илмин фаязиЛлуна ва юзиЛлун». Ай, Ҳаққ таъоло пас аз он чи мардумонро илм диҳад боз настонад, валекин зиҳоби илм ба зиҳоби уламо бошад, ки чун ба охират интиқол [кунанд], илм бо худ баранд, ва чун дигарон таҳсил накарда бошанд, ҷуз руасои ҷоҳил намонанд. Агар эшонро пурсӣ, бе илм ҷавоб диҳанд ва худ гумроҳ шаванд ва мардумро гумроҳ гардонанд.
Ва гуфт: «Ман алима илман факатамаҳу улҷима явма-л-қиёмати билиҷомин мина-н-нор». Ай, ҳар кӣ илме донад, пас онро пӯшида дорад, рӯзи қиёмат вайро лагоме аз оташ бувад.
Ва қавлуҳу - алайҳи-с-салом: «Ниъма-л-атийяту ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё