Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
кас маро аз чизе намепурсад».
Ва баъзе аз эшон гуфтаанд, ки олимон чароғҳои рӯзгоранд, ҳар яке аз эшон дар асри худ чароғест, ки мардумон рӯшноӣ аз ӯ талабанд.
Ва Ҳасан гуфт: «Агар уламо набушанд мардумон бо сутурон баробар шаванд». Ай, ба таълим аз ҳазизи баҳимият тараққӣ мекунанд ва ба авҷи инсоният мерасанд.
Ва Икрима гуфт: «Илмро баҳоест». Пурсиданд, ки он чӣ чиз аст? Гуфт: «Он ки касеро омӯзӣ, ки некӯ қабул кунад ва зоеъ нагардонад».
Ва Яҳёи Муоз гуфт: «Олимон бар уммати Муҳаммад раҳимтар аз ононанд, ки модарону падарони эшон». Пурсиданд, ки он чӣ гуна аст? Гуфт: «Бад-он чи модарону падарон эшонро аз оташи дунё нигоҳ доранд ва олимон аз оташи охират».
Ва гуфтаанд, ки аввали илм хомӯшӣ аст, пас истимоъ, пас ёд гирифтан, пас бад-он кор кардан, пас дигаронро омӯхтан.
Ва гуфтаанд: «Ҷоҳилро ифодат кун ва аз олим мустафид бош, чӣ бад-ин ду хислат агар мувозабат намой, ҷаҳли ту ба илм бадал шавад ва илми ту маҳфуз бимонад».
Ва Муози Ҷабал гуфт дар тааллуму таълим ва дар баъзе ривоёти марфӯъ¹ ба Пайғомбар — алайҳи-с-салоту ва-с-салом — ҳам омадааст: «Таалламу-л-илма фаинна тааллумаҳу ли-л-Лоҳи ҳасанатун; ва талабаҳу ибодатун; ва мудорасатаҳу тасбиҳун; ва-л-баҳса анҳу ҷиҳодун; ва таълимаҳу лиман ло яъламу садақатун; ва базлаҳу лиаҳлиҳи қурбатун; ва ҳува-л-анису фи-л-ваҳдати; ва-с-соҳибу фи-л-ғурбати, ва-л-муҳаддису фи-л-хилвати; ва-д-далилу ала-с-саррои ва-з-заррои; ва-з-зайну инда-л-ахиллои; ва-л-қарибу инда-[л-ғурабои] ва-с-силоҳу ала-л-аҷдои; ва манору саби-
1 Ҳадиси марфӯъ ҳадисе, ки яке аз саҳоба аз қавли Пайғомбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, хабар диҳад. (Ниг.: Таърифоти Ҷурҷонӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё