Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

юнфику минҳу сирран ва ҷаҳран». Ай, ҷои мунофасат нест, магар дар ду неъмат: яке он ки Ҳаққ таъоло мардеро илме бахшад ва ӯ бад-он ҳукм кунад ва онро ба мардумон омӯзад; ва дигар мардест, ки Ҳаққ таъоло вайро моле бахшад ва аз ӯ ниҳону ошкоро нафақа кунад.

Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ало хулафои раҳмату-л-Лоҳи», гуфтанд: «Хулафои ту киёнанд?» Фармуд: «ал-Лазина юхявна суннатӣ ва юъаллимунаҳо ибода-л-Лоҳи». Ай, он касон, ки суннати ман қоим доранд ва онро ба бандагони Худой омӯзанд.

Осор. Умар гуфт – разия-л-Лоҳу анҳу: «Ман ҳаддаса биҳадисин фаумила биҳи фалаҳу мислу аҷри золика». Ҳар кӣ ҳадисе ривоят кунад ва мустамеъ амали он ба ҷой орад, ровиро ҳамон савоб бошад, ки амалкунандаро.

Ва Ибни Аббос [20] гуфт – разия-л-Лоҳу анҳумо: «Муаллиму-л-хайри ястағфиру лаҳу куллу шайин ҳатта-л-ҳуту фи-л-баҳр». Барои муаллими хайр ҳама чиз омурзиш хоҳад, то моҳӣ дар дарё ҳам.

Ва баъзе ҳукамо гуфтанд: «Олим миёни холиқ ва халқ восита мешавад, пас бояд, ки некӯ бингарад, ки мад-хали вай дар он чӣ гуна аст?».

Ва омадааст, ки Суфёни Саврӣ2 ба Аскалон3 расид ва он ҷо муқоме кард ва ҳеҷ одамие аз вай масъалае напурсид. Гуфт: «Маркубе барои ман киро гиред, то аз ин шаҳр биравам, чи ин шаҳрест, ки илмро дар ӯ бақое набвад». Ва ин бад-он гуфт, ки дар фазилати илму таълим ва истифои ба ифодати илм ҳиммате дошт.

Ва Ато гуфт: «Бар Саиди Мусайяб рафтам, вайро гирён ёфтам. Пурсидам, ки мӯҷиби гиря чист?». Гуфт: «Ҳеҷ

пешина
аз 567
навбатӣ