Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
наҳу ва таъоло - аст [23] ва пайвастан ба уфуқи малоика ва муқорати малаи аъло. Ин дар охират аст.
Ва аммо дар дунё хусули изз ва виқор аст ва нифози ҳукм ва ҷавози амр бар мулуку салотин ва лузуми таъзиму эҳтиром дар тибоъ то ба ҳадде, ки табъи ҷоҳилони турк ва аҷлофи араб бар таъзиму тавқири пирони эшон сиришта аст, бад-он чи пирон махсус бошанд ба мазиди илме, ки аз таҷориб ҳосил ояд. Бал баҳоим ба табъ мардумро бузург медонанд ба сабаби шуури эшон бад-он чи одамӣ [мутамайиз] аст [ба] камоле, ки аз дараҷаи эшон гузаштааст ва мартабаи эшонро дар [навашта]. Ин чи тақрир уфтод фазилати мутлақи илм аст.
Пас, маротиби илм мутафовит аст – чунон ки баён карда хоҳад шуд – ва ба сабаби тафовути маротиби илм, фазоили он ҳароина мутафовит тавонад буд.
Аммо фазилати таълим ва тааллум аз он чи тақрир кардем, рӯшан шавад. Бад-он чи илм чун афзали корҳост, тааллуми ӯ талаби афзал бошад ва таълими ӯ ифодати афзал. Ва баёни ин маъnӣ он аст, ки мақосиди халқ маҷмӯъ аст дар дину дунё; ва низоми дин манут аст ба низоми дунё, чи дунё мазраъаи охират аст ва олатест расонанда ба ҳазрати Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло - мар он касро, ки ӯро1 олату манзил созад, на ватану қароргоҳ; ва кори дунё мунтазам нашавад магар ба аъмоли одамиён; ва аъмолу ҳирафу синооти эшон аз се қисм берун нест:
Қисми аввал [усул аст], ки бе он оламро қивом натавонад буд ва он чаҳор синоат аст: барзгарӣ2 аз барои таом ва ҷӯлоҳӣ3 аз барои либос, ва розӣ4 аз барои маскан ва
1 Дунёро.
2 Барзгарӣ - кишоварзӣ.
3 Ҷӯлоҳӣ - бофандагӣ.
4 Розӣ (арабӣ, мансуб ба «роз» ба маънии меҳтари банноён ва асли он «роиз» аст), банной, гулкорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё