Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

сиёсат аз барои илф гирифтан ва фароҳам омадан ва якди-гарро ёрӣ додан бар асбоби маишат ва мазбут доштани он.

Қисми дуввум Он чи ходим ва муҳаййи усули си-ноат бошад чун оҳангарӣ, ки барзгарӣ ва дигар синоотро хизмат кунад ба эъдоди олоти он; ва чун ҳаллоҷӣ ва рес-монресӣ, ки чӯлоҳагиро хизмат кунад ба муҳайё гардони-дани амали он.

Қисми севвум Он чи усули синоотро ба камол расо-над ва ороста гардонад, чунон ки ос кардан ва пухтан барз-гариро ва гозурӣ ва дӯхтан чӯлоҳагиро.

Ва ин ҳар се қисмро чун ба қивоми олам изофат кунӣ, мисли аҷзои тан бошад, чун онро ба тан нисбат диҳӣ, чи аҷзои тан се гуна аст: яке усул, чун дилу димоғ ва ҷигар; ва дуввум хизматкунандаи усул, чун меъда ва шаройин ва аварда ва аъсоб; ва севвум тамомкунанда ва орояндаи он, чун ноҳуну ангушт ва абрӯ.

Ва ашрафи ин синоот усули он аст ва ашрафи усули он сиёсат аст ба сабаби таълиф ва истислоҳ. Ва аз барои ин маъňӣ, синоати сиёсат он иқтизо мекунад, ки аз камоли мутакаллифи сиёсат, ки синооти дигар иқтизо накунад. Ва ба сабаби он, соҳиби сиёсат сунноъи дигарро ҳароина хиз-мат мефармояд. Ва сиёсат дар [24] истислоҳи мардумон ва намудан бад-эшон роҳи ростро, ки наҷотдиҳанда аст дар дунёву охират, чаҳор мартаба аст:

Мартабаи аввал. Ки аъло маротиб аст, сиёсати анби-ёст — алайҳиму-с-салоту ва-с-салом — ва ҳукми эшон ҳам бар хавосс аст ва ҳам бар авомм, ҳам дар зоҳир ва ҳам дар ботин.

Мартабаи дуввум. Сиёсати хулафо ва салотину мулук аст ва ҳукми эшон ҳам бар хавоссу авомм аст, лекин дар зоҳир, на дар ботин.

1 Муҳаййи — омодакунанда.
2 Шаройин — сурхрагҳо ва рагҳои ҷаҳанда.

пешина
аз 567
навбатӣ