Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Мартабаи севвум. Сиёсати они уламост, ки ба Худой – азза ва ҷалла – ва ба дини Ӯ олиманд ва эшон ворисони мансаби нубувватанд ва ҳукми эшон бар бавотини хавосс аст. Ва фаҳми авомм бад-он дараҷа нарасад, ки аз эшон иқтибос тавонанд кард ва қуввати эшон ба-дон ҳадд наанҷомад, ки дар завоҳири авомм ба манъу илзом тасарруф кунанд.
Мартабаи чаҳорум. Сиёсати воизон аст ва ҳукми эшон бар бавотини авомм асту бас.
Ва ашрафи ин чаҳор сиёсат – пас аз нубувват – ифодати илм аст ва пок гардонидани нуфуси мардумон аз ахлоқи мазмумаи ҳалоккунанда ва иршоди эшон ба ахлоқи маҳмудаи некбахтгардонданда. Ва мурод аз лафзи «таълим» ин будааст.
Ва мо ин гуфтаем, ки таълим ашрафи синоот аст, зеро ки шарафи синоотро ба се навъ тавон донист:
Яке аз роҳи илтифот ба ғаризатҳое, ки синоотро ба-дон шиносанд, чун фазли илмҳои ақлӣ бар илмҳои луғавӣ, чи ҳикматро ба ақл тавон шинохт ва луғатро ба самъ ва ақл аз самъ шарифтар аст.
Дуввум аз тариқи назар ба умуми манфаат, чун фазли зироат бар заргарӣ.
Севвум аз ваҷҳи мулоҳазаи он маҳалл, ки тасарруф дар вай аст, чун фазли заргарӣ бар дибоғат, чи маҳалли яке зари иёрдор аст ва маҳалли дигарӣ пӯсти мурдор.
Ва пӯшида нест, ки улуми динро, ки фиқҳи тариқи охират аст, ба камоли ақл ва сафои зеҳн тавон донист. Ва ақл ашрафи сифоти одамӣ аст, чунон ки баён карда хоҳад шуд, чи ба воситаи ӯ амонати Илоҳиро қобил шудааст ва ба василати ӯ ба ҷавори ҳазрати Қудс хоҳад расид.
Ва аммо умуми нафъ дар он маҷоли шубҳат ва эҳтимоли райбат нест, чи нафъ ва самараи он саодати охират аст.
Ва аммо шараф (маҳал) чӣ гуна пӯшида монад, ки тасарруфи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё