Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
боби дуввум
[КАДОМ ИЛМ ФАРЗИ АЙН АСТ ВА КАДОМ ФАРЗИ КИФОЯТ]
Ва дар ин боб баёни он чи фарзи айн ва он чи фарзи... кифоят аст ва баёни он ки фиқҳ ва калом дар чӣ мартаба аст аз илми дин ва тафзили илми охират хоҳад омад.
[БАЁНИ ИЛМЕ, КИ ФАРЗИ АЙН АСТ]
Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – фармуд: «Талабу-л-илми фаризатун ало кулли муслимин». «Утлубу-л-илма валав би-с-Син». Пас, мардумон дар илме, ки фарз аст бар ҳар мусулмоне, мухталиф шудаанд. Ва адади аҳзоб ва фирақи мухталифон дар ин боб аз бист гузаштааст. Мо ба нақли тафзил татвил надиҳем. Ва ҳосил он аст, ки ҳар фариқе вуҷубро бар илме, ки ӯ дар садади он аст, ҳамл кардааст:
Мутакаллимон гуфтаанд, ки воҷиб илми калом аст, чӣ донистани тавҳид бад-ӯ манут аст ва маърифати зоти Ҳаққ таъоло ва сифоти вай бад-ӯ марбут.
Ва фуқаҳо гуфтаанд, ки илми фиқҳ аст, чӣ шинохтани ибодот ва донистани ҳалолу ҳаром ва он чи аз муомалот равост ва он чи нораво, бад-ӯ мутааллиқ аст. Ва бад-ин он аҳкомро хостаанд, ки ҳама бад-он мӯҳтоҷ бошанд, на вақоеи нодир ва ҳаводиси шозро.
Ва муфассирон ва муҳаддисон гуфтаанд, ки илми Китоб ва суннат аст, чӣ маъдани ҷумлаи улум ва манбаи кулли маориф он аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё