Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва суфиён гуфтаанд, ки илми мост. Пас, баъзе аз эшон мегӯянд, ки илми банда аст ба ҳолу мақоми хеш аз ҳазрати Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло; ва баъзе мегӯянд, ки донистани ихлос ва офоти нуфус аст ва фарқ кардан миёни илҳоми малакӣ ва васвасаи шайтонӣ; ва баъзе мегӯянд, ки илҳоми ботин аст ва вуҷуби он бар ҷамоате махсус аст, ки аҳлияти он доранд ва лафзро аз умум сирф гардонидаанд ва бар хусус ҳамл карда.

Ва Бутолиби Маккӣ гуфтааст, ки илм панҷ чиз аст, ки бинои ислом бар он аст, чунон ки дар ҳадис омадааст: «Буния-л-ислому ало ҳамсин», зеро ки воҷиб ин панҷ аст. Пас, илм ба кайфияти амал дар он ва ба кайфияти вуҷуб воҷиб бувад. Ин қавлҳост, ки гуфта омад.

Аммо он чи воҷиб аст, ки муҳассил бад-он қатъ кунад ва дар он берайбат бошад он аст, ки дар хутбаи ин боб гуфта шудааст, ки илм ду аст: илми муомала ва илми мукошафа. Ва мурод ба илми воҷиб илми муомала аст.

Муомалате [26], ки бандаи оқилу болиғ бад-он мукаллаф аст, се аст: эътиқод, феъл ва тарк. Пас, чун одамие оқил чоштгоҳӣ болиғ шавад - иммо ба эҳтилом ва иммо ба синн - аввал воҷибе бар вай омӯхтани ду калимаи шаҳодат ва дарёфтани маънии он аст. Ва он гуфтани «Ло илоҳа илла-л-Лоҳу Муҳаммадун расулу-л-Лоҳ» аст. Ва бар вай воҷиб нест, ки кашфу баёни он ба тариқи баҳсу назар ва таҳрири далелу бурҳон худро ҳосил кунад; бал тасдиқ кардани ӯ бад-он ва эътиқоди ҷазми - бе ихтилоҷи¹ райбат ва изтироби нафс - вайро кофӣ бошад ва он миқдор вайро ба муҷарради тақлид ва самоъ - бе баҳс ва таҳсили бурҳон - ҳосил ояд. Чи Пайғомбар - алайҳи-с-салоту ва-с-салом - аз аҷлофи араб ба тасдиқ ва иқрор иктифо намудааст. Ва бе таҳсили далел ва бурҳон ба исломи эшон ҳукм фармуда. Ва чун аз

¹ Ихтилоҷ – ҳаракати ғайрииродӣ, ҷаҳиши аъзо.

пешина
аз 567
навбатӣ