Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

[БАЁНИ ИЛМЕ, КИ ФАРЗИ КИФОЯТ АСТ]

Бидон, ки фарз аз ғайри он мутамайиз нашавад, магар ба зикри аксоми илмҳо. Ва илмҳо ба изофат бо ғаразе, ки мо дар садади онем, иммо шаръӣ аст ва иммо ғайри шаръӣ. Ва ба шаръӣ он мехоҳем, ки аз анбиё – алайҳи-с-салоту ва-с-салом - мустафод аст ва чун ҳисоб [29] ақл бад-он роҳ нанамояд ва чун тиб аз таҷриба маълум нагардад ва чун луғат аз шунидан ҳосил нашавад.

Пас илмҳое, ки шаръӣ нест, иммо маҳмуд аст ва иммо мазмум ва иммо мубоҳ.

Аммо маҳмуд он аст, ки масолеҳи дунё бад-он боз бастааст, чун тиббу ҳисоб. Ва он ду қисм аст: як қисм он ки фарзи кифоят аст ва қисми дуввум он ки фазилат аст ва фарз нест.

Аммо фарзи кифоят ҳар он илмест, ки дар қивоми корҳои дунё аз он бениёз натавон буд, чун тибб, ки ӯ ба сабаби ҳоҷати бақои танҳо зарурӣ аст. Ва ин он илмҳост, ки агар шаҳре холӣ бошад аз касе, ки бад-он қиём намояд, ҷумлаи аҳли он шаҳр дар ҳараҷ¹ бошанд. Ва агар як кас бад-он қиём намояд кофӣ бошад ва фарз аз дигарон соқит шавад. Ва аз ин чи мегӯем, ки тиббу ҳисоб аз фарзҳои кифоят аст, тааҷҷуб набояд кард, ки усули пешаҳо низ аз фарзҳои кифоят аст, чун кишоварзӣ ва чӯлоҳӣ ва сиёсат, бал ҳиҷомат. Чи агар дар шаҳре ҳаҷҷом набошад, ҳалок ба аҳли он шаҳр мусораат намояд, ва бад-он чи худро дар маърази ҳалок доранд ба иҳмоли ҳиҷомат ҳамгинон дар ҳа-раҷ бошанд. Чи он кас, ки дард фиристодааст дору фиристодааст ва кор бастани он роҳ намуда ва асбоби таотии¹ он сохта. Пас, ба иҳмоли он асбоб тааррузи ҳалок набояд кард.

¹ Ҳараҷ – тангно, сахтӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ