Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва боқӣ он чи ёд хоҳем кард аз аҳволи накӯҳидаи дил аз кибр ва аҳавоти он, тобеи ин се хислати ҳалоккунанда аст ва изолати он фарзи айн аст. Ва изолат мумкин нест, магар ба донистани ҳадд ва сабаб ва аломати он, чи касе, ки бадиро нашносад дар он афтад. Ва илоҷ муқобалаи са-баб аст ба зидди он, пас бе донистани сабаб ва мусаббиб чӣ гуна мумкин гардад? Ва бештар он чи дар «Рубъи муҳли-кот» ёд кардаем аз фурӯзи аъён аст ва ҳама мардумон онро бигзоштаанд, бад-он чи машғул шудаанд ба мо ло яънӣ².
Ва аз ҷумлаи он чи дар таълими он навмусулмонро мубодарат бояд намуд – чун интиқоли вай аз миллати ди-гар набошад – имон аст ба биҳишту дӯзах ва ҳашру нашр, то бад-он имон оварад ва тасдиқ кунад. Ва ин татиммаи шаҳодатайн аст, чи пас аз он чи Пайғомбарро ба рисолат тасдиқ кунад, бояд, ки рисолати вай бидонад. Ва он он аст, ки ҳар кӣ Худой - азза ва ҷалла - ва пайғомбари вайро фар-монбардорӣ намояд, мустаҳиққи биҳишт шавад ва ҳар кӣ бефармонӣ кунад, муставҷиби оташ бувад. Ва чун ин тад-риҷро дарёфтӣ, бидонӣ, ки мазҳаби ҳақ ин аст, ки гуфтем.
Ва туро муҳаққақ гардад, ки ҳар бандае дар маҷории аҳволи худ дар шабу рӯз аз воқиот дар ибодат ва муомалот, ки таҷаддуди лавозим иқтизо кунад, холӣ набошад. Ин ва ҳар чӣ вукӯи он аз наводир бувад, суол [аз он] бар вай лозим шавад; ва ҳар чӣ ғолиб шавад, мубодарат дар тааллуми он воҷиб ояд. Пас, рӯшан шуд, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – ба лафзи илм, ки онро ба «алифу лом» муарраф кардааст дар ин ҳадис, ки «Талабу-л-илми фаризатун», илми амалӣ хостааст, ки вуҷуби он амал бар мусулмонон машҳур аст, на илме дигар. Ва тариқи тадриҷ дар вақти вуҷуби он зоҳир гашт.
1 «Салосун муҳликотун: шуҳҳун мутоъун ва ҳаван муттабаъун ва иҷҷобу-л-маръи бинафсиҳи». Ва ло янфакку анҳо башарун.
2 Мо ло яънӣ – бемаъно, беҳуда.
3 Миллат – дин, оин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё