Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Қисми дуввум фурӯъ аст ва он он аст, ки аз усул мафҳум шавад, на ба мӯҷиби алфози он, бал ба маоние, ки ақл бар он мутанаббеҳ шавад ва ба сабаби он фаҳм иттисоъ пазирад то аз лафзи малфуз ва ғайри он мафҳум шавад. Чунон ки аз қавли Пайғомбар «Ло яқзи-л-қозӣ ва хува ғазбонун» мафҳум мешавад, ки чун ҳоқин ва гурусна ва дардманд бошад, ҳукм накунад. Ва ин ду гуна аст: яке он чи ба масолеҳи дунё тааллуқ дорад ва фанни фиқҳ ҷомеи он аст ва фуқаҳо мутакаффили онанд ва эшон аз уламои дунёанд. Ва дуввум он чи ба охират мутааллиқ аст ва он илми аҳволи дил ва ахлоқи сутуда ва накӯҳидаи он аст ва он чи писандидаи Худой - азза ва ҷалла - аст ва он чи нописандида; ва ӯ он аст, ки нимаи охири ин китоб - аъни ҷумлаи китоби «Эҳёи улуми-д-дин» - онро ҳовӣ аст ва аз ӯст илми он чи аз дил бар ҷавореҳ файз афтад аз ибодот ва одот, ва ӯ он аст, ки нимаи аввали китоб онро ҷомеъ аст.

Қисми севвум муқаддамот аст ва ӯ улуми шаръиро ба масобати дастафзор аст, чун илми луғату наҳв, ки олати илми Китоб ва суннат аст. Ва луғату наҳв дар нафси худ аз улуми шаръӣ нестанд, валекин ба сабаби шаръ хавз дар он лозим аст, чи шариат ба луғати араб омадааст ва ҳеҷ шариате зоҳир нашавад магар ба луғате, пас омӯхтани он луғат дастафзор бувад. Ва яке аз олот омӯхтани хат аст, илло он аст, ки зарурӣ нест, чи Пайғомбар - алайҳи-с-салом - уммӣ буд. Ва агар мутасаввар шавад, ки ҳифз ба кулли масмӯот мустақил бувад, навиштан ҳоҷат [набошад], валекин ба ҳукми аҷз дар ғолиби аҳвол зарурӣ аст.

1 Ҳоқин - он ки омадани бавлро нигоҳ дорад, он ки бавлаш зиёд ҷамъ шуда бошад.
2 Бар ҷавореҳ файз афтад - бар зоҳир мутарашеҳ шавад, таровиш кунад.
3 Масобат - андоза, дараҷа, манзалат, поя, ҷойгоҳ.

пешина
аз 567
навбатӣ