Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Қисми чаҳорум мутаммимот аст ва он дар илми Қуръон бар ақсом аст: он чи тааллуқ ба лафз дорад, чун илми қироот ва махориҷи ҳуруф ва он чи тааллуқ ба маъно дорад, чун тафсир, ки эътимоди он низ бар нақл аст, чи муҷарради луғат бад-он мустақил нест; ва он чи тааллуқ ба аҳком аст, чун шинохти носиҳу мансух, омму хосс, нассу зоҳир ва кайфияти кор бастани баъзе аз онон бо баъзе. Ва ин илмро усули фиқҳ хонанд ва суннатро низ мутановил аст.
Ва аммо мутаммимот дар ахбору осор илми риҷол ва асомии эшон аст ва асомии саҳоба ва сифоти эшон ва илм ба адолати ровиён ва аҳволи эшон, то заиф аз қавӣ пайдо ояд ва илм ба умрҳои эшон то мурсал аз муснад ҷудо шавад ва ҳамчунин он чи тааллуқ бад-он дорад.
Пас ин аст, ки улуми шаръӣ аст ва ҷумлаи он сутуда аст, бал ҷумла аз фурузи кифоят аст.
Суол: Агар гӯйӣ чаро фиқҳро ба илми дунё ва фуқаҳоро ба уламои дунё пайвастӣ?
Ҷавоб: Пас бидон, ки Ҳаққ таъоло Одамро аз хок офарид ва фарзандони вайро аз нутфа ва эшонро аз аслоб ба арҷом овард ва аз арҷом ба дунё, пас ба гӯр, пас ба арз, пас иммо ба биҳишт ва иммо ба оташ. Ин аст [31] бидоят ва ниҳоят ва манозили эшон. Ва дунёро тӯшаи маод офарид, [то] он чи тӯшаро шояд, аз он бигиранд. Пас, агар ба адл гирифтандӣ хусуматҳо мункатеъ шудӣ ва фуқаҳо мӯъаттал мондӣ, валекин ба шаҳавот гирифтанд ва аз он хусуматҳо зод. Пас, ҳоҷат омад ба султоне, ки соиси эшон бошад ва султон мӯҳтоҷ буд ба қонуне, ки бар ҳукми он эшонро забт кунад. Ва фақеҳ он аст, ки олим бувад ба қонуни сиёсат ва тариқи тавассут миёни халқ, чун ба ҳукми шаҳавот мунозаат кунанд. Пас фақеҳ муаллими султон ва роҳнамояндаи ӯ шуд ба тариқи сиёсати халқ ва забти эшон то ба сабаби истиқомат корҳои эшон интизом пазирад.
1 Истиқлол, ба худии худ ба коре баристодан («Тоҷу-л-масодир»-и Байҳақӣ).
2 Мутановил - фарогиранда.
3 Мурсал – ҳадисе, ки исноди он ба соҳибаш муттасил набошад.
4 Муснад - ҳадисе, ки исноди он ба соҳибаш муттасил бошад.
5 Арз – қиёмат; явму-л-арз - рӯзи қиёмат, ба эътибори ин ки дар он рӯз ҷаҳаннам ба кофирон ва биҳишт ба мӯъминон намоён карда мешавад, чунон ки дар Қуръон омадааст: «Ва аразно ҷаҳаннама явмаизин лил-кофирина арзан». (Каҳф, 18:100).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё