Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

намояд ва султон аз вай ба қаҳр бистонад, ҳукм кунад, ки зиммати вай аз он мубарро шуд.

Ва дар ҳикоят [33] омадааст, ки Абӯюсуф – раҳимаҳуму-л-Лоҳ – моли худ дар охири сол ба қавми1 худ бахшид ва моли вай бахшида хостӣ, то закот соқит шавад. Ва ин ҳадис ба Абӯҳанифа – разия-л-Лоҳу анҳу – расониданд. Гуфт, ки он аз фиқҳи вай аст. Ва рост гуфт, бад-он чи он феъл аз фиқҳи дунёст, валекин зиёни он дар охират бузургтар аз ҳама ҷиноятҳост ва мисли [ин] он илм аст, ки зиёнкор аст.2

Ва аммо ҳалолу ҳаром – вараъ аз ҳаром ва гузоштани он аз дин аст, валекин вараъро чаҳор мартаба аст:

Мартабаи аввал: вараъест, ки бад-он адолати гувоҳ ҳосил шавад ва он вараъест, ки тарки он аҳлияти шаҳодат ва қазо ва вилоятро ботил кунад. Ва он эҳтироз аст аз ҳароми зоҳир.

Мартабаи дуввум: Вараъи солеҳон аст ва он боз будан аст аз шубҳатҳое, ки дар он эҳтимоли таҳлилу таҳрим бошад.

Қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Даъ мо юрибука ило мо ло юрибука». Ай, бигзор он чи дар он райбате бошад ва бигир он чи дар он ҳеҷ райбате набвад.

Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «ал-Исм ҳавозу-л-қулуб». Ай, беза3 иртикоби чизест, ки дар дил хорхори норавое он бувад, яъне бар чизе, ки эҳтимоли норавоии он дар дил асаре дорад, иқдом набояд намуд.

Мутарҷим мегӯяд: «Ҳавоз» ҷамъи «ҳоза» аст, аз «ҷаз» ва «ҳаз» рахна карданро гӯянд. Ва дар ривояте «ҳаззоз» ҳам омадааст, ҷамъи «ҳозз» ва маъNӣ ҳамин бошад. Ва «ҳаввоз» ба ташдиди вов ҳам омадааст, аз «ҳавз» ва он ҷамъ кардан аст, ай, он чи дилро ҷамъ кунад ва бар он ғолиб шавад».

1 Қавм- ҳамсар.
2 Бидуни шакк ин ҳикоят дар натиҷаи мухолифатҳои мазҳабӣ падид омадааст, ки Ғаззолӣ ҳам бидуни шарҳу баст аз он нақл намудааст.
3 Беза – بزه «ҷои ғайри малфуз», гуноҳ, хато, ҷурм, баҷа ҳам гуфта шуда.

пешина
аз 567
навбатӣ