Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Мартабаи севвум: Вараъи муттақиён аст ва он гузоштани1 ҳалоли маҳз аст, чун дар ӯ бими он бошад, ки ба ҳаром адо кунад2.
Қола – алайҳи-с-салом: «Ло якуну-р-раҷулу мина-л-муттақина хатто ядаъа мо ло баъса биҳи махофатан миммо биҳи баъсун». Ай, мард аз муттақиён абошод, то назгорад чизеро, ки дар вай бок [нест], аз бими он ки чизе афтад, ки дар он бок аст. Ва мисоли ин, эҳтироз аст аз ҳикояти аҳволи мардумон гуфтан аз бими он ки дар ғайбат шурӯъ кунанд; ва боз будан аз хӯрдани муштаҳиёт агарчи мубоҳ бошад, аз бими он ки нишот ва анбордагиро3 ҳаяҷон ҳосил шавад ва бар иртикоби маҳзур анҷомад.
Мартабаи чаҳорум: Вараъи сиддиқон аст ва он рӯй гардонидан аст аз ҳар чӣ ҷуз Худой аст – ҷалла ҷалолуҳу – аз бими он ки як соат аз умр сарф шавад дар чизе, ки дар он зиёдати наздикӣ ба Худой – азза ва ҷалла – ҳосил нашавад ва агарчи ба қатъу яқин донад, ки ба ҳароме наанҷомад.
Ва кулли ин маротиб аз назари фақеҳ берун аст, магар мартабаи аввал ва он вараъи гувоҳон ва қозиён аст ва он чи адолатро ботил мекунад ва қиём намудан бад-он дофеи базаҳи охират набушод.
Қола – алайҳи-с-салом: «ли Вобисата: «Истафти қалбака ва ин афтавка ва афтавка». Ва маъNӣ он аст, ки дар дили аҳли [34] басирате аз чизе ҳазозате бошад, агарчи муфтиён ба ҳилли он фатво диҳанд, вайро бар он иқдом набояд намуд.
1 Гузоштан – тарк кардан.
2 Адо кунад – мунҷар шавад.
3 Анбордагӣ - анбошдагӣ, фарти мол ва касрати манол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё