Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва фақеҳ дар ҳазозати дил ва кайфияти амал бад-он сухан нагӯяд, бал дар чизе, ки адолат бад-он соқит шавад сухан гӯяду бас. Пас кулли назари фақеҳ ба дунё, ки салоҳи роҳи охират бад-он аст, боз бастааст. Ва агар дар [чизе аз] сифоти дил ва аҳқоми охират сухан гӯяд, дар он туфайли ва аҷнабӣ бошад, чунон ки агар дар тиббу ҳисоб ва наҳву калом сухан гӯяд ва чунон ки ҳикмат дар наҳву шеър дарояд.
Ва Суфёни Саврӣ – ки дар илми зоҳир имом будааст – гуфтӣ, ки талаби ин фиқҳ аз зоди охират нест. Ва чӣ гуна бар ин ҷумла абошад, ки иттифоқ аст, ки шараф дар илм бад-он аст, ки бар он кор кунад? Пас, чӣ гуна гумон тавон бурд, ки он илми лиъон1 ва зиҳор2 ва салам ва иҷорат ва сарф бошад? Ва ҳар кӣ ин корҳо биёмӯзад, то ба кардани он ба Худой – азза ва ҷалла – тақарруб намояд, девона бувад. Ва амал ҷуз ба дил ва ҷавореҳ дар тоот нест ва [шарафи илм он аъмол] аст.
Суол: Пас, агар гӯйӣ: «[Чаро] фиқҳро бо тибб баробар кардӣ, чӣ тибб низ ба дунё мутааллиқ аст ва ин тасвия ба хилофи иҷмои мусулмонон аст?».
Ҷавоб: Бидон, ки тасвия лозим нест, бал миёни эшон фарқ аст. Ва фиқҳ аз тибб шарифтар аст ба се ваҷҳ:
Аввал он ки илми шаръӣ аст, ай, аз пайғомбарӣ мус-
1 Лиъон – Мулоъана, мард ба зани обистани худ тӯҳмат бизанад ва сипас чаҳор мартаба бигӯяд: «Савганд ба Худо, ки рост мегӯям» ва дар мартабаи панҷум бигӯяд: «Нафрини Худо бар ман агар дурӯғ бигӯям». Баъд зан чаҳор мартаба дар такзиби иддиои шавҳараш савганд ёд кунад ва дар мартабаи панҷум бигӯяд: «Нафрини Худо бар ман агар шавҳарам рост бигӯяд». Пас аз он мард зълом мекунад, ки бача аз ӯ нест ва миёни онҳо талоқ воқеъ мешавад. (тарҷумаи «Мафотеҳу-л-улум»).
2 Зиҳор – Марде ба занаш бигӯяд: «Анти алайя казаҳри уммӣ», яъне ту ҳамчун пушти модарам ҳастӣ, дар ин сурат он зан бар ӯ ҳаром мешавад. (тарҷумаи «Мафотеҳу-л-улум»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё