Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ва суннат сориф¹ аст, зода аст. Ва ҷамоате бархостаанд [то] барои он шубҳаҳо талфиқ кардаанд ва сухане муаллаф мураттаб гардонида. Пас, он маҳзур ба зарурати маъзунун фиҳ шудааст, бал аз фарзҳои кифоят гашта. Ва он қадрест, ки мубтадиъро бад-он муқобала бувад чун қасди даъват кунад ба бидъат. Ва он то ба ҳадде маҳдуд аст, ки [39] дар бобе, ки пас аз ин аст, ёд кунем.
Ва аммо фалсафа ҷудогона илме нест, бал чаҳор ҷузв аст:
Яке ҳандаса ва ҳисоб ва он ҳар ду мубоҳ аст — чунон ки рафт — ва аз он манъ нест, магар онро, ки тарси он бувад, ки аз он бигзарад ва ба илмҳои накӯҳида расад, чи бештар кӯшандагон аз он берун омадаанд ба сӯи бидъатҳо. Пас заифро аз он нигоҳ доранд на барои айни он, чунон ки кӯдакро аз лаби ҷӯй нигоҳ доранд аз бими он чи дар он афтад ва навмусулмонро аз омехтани кофирон нигоҳ доранд аз бими майл бад-эшон бо он чи мустаҳаб аст мусулмони қавиро, ки бо эшон омезад то ба ислом даъват кунад.
Дуввум мантиқ аст ва он баҳс аст аз далелу ҳадд ва шартҳои ҳар ду ва он ҳар ду дар илми калом дохил аст.
Севвум илоҳиёт аст ва он баҳс аст аз зоти Худой ва сифоти Ӯ ва он дохили калом аст. Ва фалосифа дар он ба намати дигар аз илм мунфарид наянд, бал ба мазҳабҳо, ки баъзе аз он куфр аст ва баъзе бидъат, мунфариданд. Чунон ки эътизол илми ҷудо нест, бал асҳоби ӯ гурӯҳе аз мутакаллимон ва аҳли баҳсу назаранд ба мазҳабҳои ботил мунфарид, пас, фалсафа ҳамчунон аст.
Чаҳорум табииёт аст ва баъзе аз он мухолифи шаръ ва дини ҳақ аст ва он ҷаҳл аст, на илм, то дар ақсоми илмҳо оварда шавад. Ва баъзе баҳс аст аз сифатҳои аҷсом ва хосиятҳои он ва чигунагии истиҳолат ва тағйири он ва он монанди назари табибон аст, илло он аст, ки назари табиб дар тани мардум аст, бахусус аз он рӯй, ки бемору танду-
1 Сориф — дигаргун, сарф гардонидан, тағйир додан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё