Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

руст шавад ва назари табий дар кулли аҷсом аз он рӯй, ки дар ҳаракату тағйир аст. Валекин, тиббро бар он фазл аст, чи бад-он ҳоҷат аст ва ба илмҳои табий ҳоҷат нест.

ПАС, калом аз он синоатҳо шуд, ки фарзи кифоят аст барои нигоҳдошти дилҳои авомм аз тахайюлоти мубтадиъон ва ба зодани бидъатҳо вуҷуби он ҳодис [шавад], чунон ки ба сабаби зулми араб ва роҳзании эшон дар роҳи ҳаҷ ба бадрақа ҳоҷат ояд ва агар араб тааддӣ бигзорад, ба музд гирифтани нигаҳбонон аз шартҳои роҳи ҳаҷ набвад. Пас, ҳамчунин агар мубтадеъ беҳудагӯйӣ бигзорад, ба зиёдат аз он сухан, ки дар аҳди саҳоба будааст, ҳоҷат набвад.

ПАС, бояд, ки мутакаллим ҳадди хеш аз дин бидонад, ки манзалати ӯ дар дин манзалати нигоҳбон аст дар роҳи ҳаҷ. Пас, агар нигоҳбон бар нигоҳбонӣ иқтисор намояд аз ҳоҷҷ набвад. Ва мутакаллим агар бар мунозара ва мудофаа иқтисор намояд ва солики роҳи охират нашавад ва ба тааҳуди дил ва ислоҳи он машғул нагардад, аслан аз уламои дин абошад. Ва мутакаллимро нест ҷуз ақидае, ки авомм дар он шарики вайанд ва аз омӣ ба санъати муҷодала ва ҳиросат мутамайиз аст.

Ва аммо маърифати Худой ва сифоту афъоли Ӯ [40] ва кулли он чи дар илми мукошафа ва бад-он ишорат кардаам аз илми калом, ҳосил наёяд, бал наздик аст, ки ҳиҷоби он бошад ва аз он монеъ бувад. Ва расидан бад-он ҷуз ба муҷоҳада нест, ки Ҳаққ таъоло онро муқаддимаи ҳидоят гардонидааст он ҷо, ки гуфтааст: «Ва-л-лазина ҷоҳаду фино ланахдияннаҳум субулано»2.

Суол: Агар гӯйӣ: «Ҳадди мутакаллим нигоҳдошти эътиқоди авомм аз ташвиши мубтадион гуфтӣ, чунон ки

пешина
аз 567
навбатӣ