Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳадди бадрақа нигоҳдошти колои ҳоҷӣ аз ғорати араб ва ҳадди фақеҳ ҳифзи қонуне, ки султон бад-он шарри баъзе аз мутааддиён аз баъзе боздорад ва ин ҳар ду ба изофати илми дин нозил аст ва уламои уммат, ки ба фазл машҳуранд, фуқаҳо ва мутакаллимонанд ва эшон афзали халқанд назди Ҳаққ таъоло, пас дараҷаи эшон ба изофати илми дин чаро чунин нозил бошад?»

Ҷавоб: Пас бидон, ки ҳар кӣ ҳақро ба [мардумон] шиносад, дар биёбони гумроҳӣ ҳайрон шавад. Пас, агар солики роҳи ҳаққӣ, ҳақро бишнос, то аҳли онро бишносӣ. Ва агар қонеӣ ба тақлид ва назар сӯи он чи машҳур аст миёни мардумон – аз дараҷоти фазл – пас, аз саҳоба ва баландии мансаби эшон ғофил машав, чи ин ҷамоат, ки зикри эшон бурдӣ, муттафиқанд бар тақаддуми эшон ва бар он чи дар дин ҳамтаки¹ эшон натавон буд ва ба гарди эшон натавон расид ва тақаддуми эшон ба калому фиқҳ набуд, бал ба илми охират ва сулуки роҳи он буд. Ва фазилати Бӯбакр - разия-л-Лоҳу анҳу - ба бисёрии намозу рӯза ва бисёрии ривояту калом набуд, валекин ба сирре буд, ки дар синаи вай ором дошт, чунон ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гувоҳӣ дод бар он. Пас ҳарис бош бар талаби он сирр, ки он гавҳари азиз ва дурри макнун аст. Ва бигзор он чи мардумон барои асбоб ва доъияҳо, ки тафсили он дароз аст, бар он ва бар таъзиму тафхими он иттифоқ кардаанд, чи Пайғомбар – алайҳи-с-салом – ба охират рафт ва ҳазорон саҳоба гузошт, ки ҳама олим буданд ба Худой ва Пайғомбар бар эшон сано гуфта. Ва дар миёни эшон касе набуд, ки санъати калом донистӣ ва ба фатво қиём нанамуданд, магар даҳу анд кас. Ва Абдуллоҳи Умар аз он ҷумла буд ва чун вайро аз фатво пурсидандӣ гуфтӣ: «Ба ин амир рав, ки корҳои мардумон тақаллуд намудааст ва ин фатво дар гардани ӯ кун». Ва ин ишоратест бад-он чи фатвои қазоӣ ва аҳком аз

пешина
аз 567
навбатӣ