Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

да, валекин сорифи эшон аз тасниф [42] ва тадрис дар он ҳамон буда, ки сорифи саҳоба аз таснифу тадрис дар фиқҳ, бо он чи фуқаҳо мустақил буданд ба илми фатво. Ва савориф1 ва давоии гуногун аст ва ба зикри он ҳоҷат нест. Ва мо акнун биёрем аз аҳволи фуқаҳои ислом он чи бад-он бидонӣ, ки ин чи ёд кардем... на таъън аст дар эшон, бал таъън аст дар он касон, ки иқтидо бад-эшон зоҳир мекунанд ва даъвои он ки мазҳаби эшон доранд ва дар амалу сират мухолифи эшонанд.

Пас, [фуқаҳое, ки] зуамои фиқҳ ва руакои халқанд, панҷанд: Шофей, Молик, Бӯҳанифа, Аҳмади Ҳанбал ва Суфёни Саврӣ – раҳимаҳуму-л-Лоҳ – ва ҳар яке аз эшон обид буд ва зоҳид ва олим ба илмҳои охират ва фақеҳ ба масолеҳи халқ дар дунё ва муриди ризои Ҳақ таъоло ба фиқҳ. Ва ин панҷ хислат аст, ки фуқаҳои фирақ дар як хислат аз ин ҷумлат эшонро пасравӣ кардаанд ва он ташаммур2 ва муболағат аст дар таърифоти фиқҳ бад-он чи он чаҳор хислат нашояд ҷуз охиратро ва ин як хислат дунёро шояд ва охиратро низ, агар бад-он охират хоҳӣ. Ва аз барои шоёнии дунё дар он ташаммур намуданд ва бад-он даъвии мушобаҳати он аимма карданд. Ҳайҳот! «Ан туқоса-л-малоикату би-л-ҳаддодин». Фариштагонро бо дарбонон қиёс нест.

Мутарҷим мегӯяд, ки дар фуқаҳои аср ин як хислат ҳам мавҷуд нест, чи тафриъ он кас тавонад, ки усули фиқҳ донад ва шарти иҷтиҳод дар вай ҳосил бувад ва аксар фуқаҳо аз он мӯъризанд. Ва-л-Лоҳу-л-мустаъон.

Пас, мо биёрем аз аҳволи эшон он чи бар ин чаҳор хислат далел кунад, чи маърифати эшон ба фиқҳ зоҳир аст.

Аммо Шофей – разия-л-Лоҳу анҳу – далел бар он ки ӯ обид буд он аст, ки ривоят кардаанд, ки ӯ шабро се ҷуз кардӣ: сулсе илмро ва сулсе намозро ва сулсе хобро.

пешина
аз 567
навбатӣ