Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва Рабиъ гуфт: «Шофеъӣ дар моҳи рамазон шаст бор Қуръонро хатм кардӣ, ҳама дар намоз. Ва Бувайтӣ1 яке аз ёрони вай буд ва ҳар рӯз як бор Қуръон хатм кардӣ».

Ва Ҳусайни Каробисӣ гуфт: «Чанд шаб бо Шофеъӣ будам, миқдори як сулс аз шаб намоз кардӣ ва надидам вайро, ки зиёдат аз панҷоҳ оят хондӣ ва чун бештар хондӣ сад оят будӣ; ва нагзаштӣ ба ҳеҷ ояти раҳмат, ки на аз Ҳаққ таъоло барои худ ва кулли мӯъминон [онро] бихостӣ ва ба ҳеҷ ояти азоб, ки на аз он тааввуз намудӣ ва растании худ ва кулли мӯъминон аз он биталабидӣ; ва чунонастӣ, ки умеду тарс — маъан-маъан — вайро маҷмӯъ буд».

Мусанниф гуфт: «Бингар, ки иқтисори ӯ бар панҷоҳ оят чӣ гуна далел мекунад [бар] табаҳхур ва тадаббури ӯ дар асрори Қуръон».

Шофеъӣ гуфт: «Шонздаҳ сол аст, ки сер нахӯрдаам, чӣ серӣ танро гарон кунад ва дил[ро] сахт ва зиракӣ бибарад ва хоб орад ва соҳиби ӯ дар ибодот заиф бошад».

Мусанниф гуфт: «Ҳукми ӯ бин дар зикри офатҳои [43] серӣ, пас ҷидди ӯ дар ибодот... ки серӣ барои он биг-зошт! Ва сари тааббуд андак хӯрдани таом аст».

Ва Шофеъӣ гуфт: «Савганд ба Худой — азза ва ҷалла — ҳаргиз ёд накардам на рост, на дурӯғ».

Мусанниф гуфт: «Дар таъзиму эҳтироми ӯ бин Ҳақ таъолоро ва далолати он бар илми ӯ ба ҷалоли Худой — азза ва ҷалл!».

Ва аз вай масъалае пурсиданд, ҷавоб нагуфт. Гуфтанд: «[Чаро] ҷавоб намегӯйӣ?». Фармуд: «То бидонам, ки фазл дар хомӯшӣ аст ё дар ҷавоб».

Мусанниф гуфт: «Муроқабати ӯ бин забонро! Бо он чӣ ҳеҷ узве бар фуқаҳо муставлитар ва аз забту қаҳри эшон оси-

1 Абуяъқуб Юсуф ибни Яҳёи Бувайтӣ, мансуб ба Бувайт, ки номи қарияест дар Саиди Миср, мутаваффо дар зиндони Бағдод дар соли 231 ҳиҷрӣ (Мӯъҷаму-л-булдон).

пешина
аз 567
навбатӣ