Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

орад, аз Зуҳрӣ ривоят кард, Шофей беҳуш шуд. Суфёнро гуфтанд, ки Шофей вафот кард. Гуфт: «Агар Шофей вафот кунад, афзали аҳли замон вафот карда бошад».

Ва он чи Абдуллоҳ ибни [44] Муҳаммади Балаwӣ гуфт, ки ман ва Умар ибни Нубота нишаста будем, заҳидон ва обидонро ёд мекардем. Умар гуфт: «Ман парҳезгортар аз Муҳаммад Идриси Шофей надидам. Ман ва ӯ ва Ҳориси Лабид1 ба Сафо рафтем ва Ҳорис шогирди Солеҳи Муррӣ буд, пас хондан оғоз кард ва овози хуш дошт. «Ва ҳозо яв-мун ло янтикуна ва ло юъзану лаҳум фаяътазируна»2 бихонд. Шофейро дидам, ки гунаи ӯ бигашт ва пӯсташ барфарошид3 ва изтироби азим кард ва беҳуш бияфтод. Пас, чун ба ҳуш омад, мегуфт: «Аъузу бика мин мақоми-л-каззобин ва ағрози-л-ғофилин, аллоҳумма лака хазаъат қулубу-л-орифин ва заллат [лака риқобу]-л-муштоқин, илоҳӣ ҳаб ли чудак ва ҳаллилнӣ биситрик, ваъфу ан тақсирӣ бикарами ваҷҳҳук»4. Пас бархостем ва бозгаштем. Баъд аз он чун ба Бағдод рафтам – ва Шофей ҳам он ҷо буд – рӯзе бар лаби Даҷла нишастам барои сохтагии5 намоз. Дар аснои он марде бар ман гузашт, гуфт: «Эй кӯдак, обдаст некӯ кун, Ҳаққ таъоло дар дунёю охират бар ту некӯӣ кунод». Пас бингаристам, мардеро дидам, ки ҷамоате вайро мутобаат мекарданд. Ба зудӣ обдаст кардам ва бар пайи ӯ рафтам. Дар ман нигарист ва гуфт: «Ҳеҷ ҳоҷате дорӣ?» Гуфтам: «Оре, биёмӯзӣ маро он чи Худой туро омухтааст». Фармуд, ки ҳар кӣ бо Ҳаққ таъоло сидқ барзад, наҷот ёбад, ва ҳар кӣ бар дини худ битарсад, аз ҳалок мусаллам монад ва ҳар кӣ бар дунё рағбат нанамояд, чашми ӯ ба дидани савоб рӯшан шавад. Оё зиёдат аз ин нагӯям туро? Гуфтам: «Бигӯ». Фармуд, ки ҳар кӣ се хислат дар вай бувад камоли имон ҳосил карда бошад: яке он ки амр ба маъруф кунад ва худ низ бар он биравад, дуввум он ки наҳйи мункар ба ҷой орад ва аз он боз истад, севвум он ки бар ҳудуди Худой муҳофазат намояд. Оё зиёдат аз ин нагӯям туро? Гуфтам: «Бале». Фармуд, ки дар дунё зоҳид бош ва дар охират роғиб ва дар кулли корҳо бо Ҳаққ таъоло содиқ то бирасӣ бо растагорон. Пас, бигзашт ва ман пурсидам, ки ин кист? Гуфтанд: «Шофеъӣ».

1 Дар Шарҳи Забидӣ: (Ҳориси ибни Асад) хува Абдуллоҳ ал-Муҳо-сибӣ.
2 Мурсалот, 77:35 ва 36.
3 Барфаропид – ба ҳам кашида шуд.
4 Ба Ту паноҳ мебарам аз мақоми дурӯғгӯён ва рӯ гардонидани ғофилон, бор Худоё дилҳои орифон барои Ту хозеъ шуд ва гарданҳои муштоқон барои Ту хор гардид, бор Худоё маро аз ҷуди худ бибахш ва бо пӯшиши худ зинат бахш ва аз тақсирам ба карами ваҷҳи худ даргузар.
5 Сохтагӣ – тадоруқ, омодагӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ