Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
илм фозилтар аз ҳазор ракъат намоз ва иёдати ҳазор бемор ва дарёфти намози ҳазор ҷаноза. Гуфтаанд: «Ё Расулаллоҳ, аз хондани Қуръон ҳам?» Фармуд, ки хондани Қуръон бе илм суд надорад. Ва Ато гуфт: «Маҷлиси зикр кафорати ҳафтод маҷлиси лаҳв аст».
Пас музахрифон ин аҳодисро ҳуҷҷати тазкияти худ сохтаанд ва хурофоти худро тазкир ном карда ва аз тариқи зикри сутуда ғофил шуда ва ба қиссаҳое, ки ихтилофи камеву бешеро бад-он роҳ аст – ва берун аз қиссаҳои Қуръон аст ва зиёдат аз он – машғул гашта, чӣ шунидани баъзе қиссаҳо судманд аст ва шунидани баъзе зиёнкор, агарчӣ рост бошад. Ва ҳар кӣ ин дар бар худ кушод, росту дурӯғ ва судманду зиёнкор бар вай омехта шавад ва бад-ин сабаб аз он наҳӣ кардаанд.
Ва Аҳмади Ҳанбал гуфт: «Мардумони нек мӯҳтоҷанд ба қиссагӯйе содиқ. Пас, агар қисса аз қиссаҳои пайғамбарон бошад, дар он чӣ тааллуқ ба корҳои дин дорад ва рост бувад, дар он боке нест. Ва бибояд тарсид аз дурӯғ ва ҳикоёти ҳолҳое, ки ба залолату мусоҳалот ишорат кунад, чӣ фаҳми авом аз [дарки] маъниҳои он қосир бошад, надонанд, ки он зиллати нодира бувад ва дар паси он каффорот ва ҳасанот, ки онро пӯшида гардонад ва талофӣ кунад бисёр. Ва дар зиллот ва мусоҳалоти худ бад-он эътисом намоянд ва узри худ тамҳид кунанд ва ҳуҷҷат оранд, ки чунину чунин аз бузургон ҳикоят кардаанд ва ҳамгинон дар садади маъсиятем1. Пас, аҷаб нест аз маъсияти ман, ки онон, ки аз ман бузургтаранд, маъсият кардаанд. Ва бад-ин сабаб, эшонро далерӣ ҳосил шавад [бар] Ҳаққ таъоло аз он ҷо ки надонанд ва пас аз эҳтироз аз ин ду маҳзур дар он боке набошад. Ва аз ин ҷо тавон донист, ки қиссаҳои сутуда он аст, ки дар Қуръон ва ахбори сиҳоҳ омадааст.
Ва аз мардумон касе ҳаст, ки вазъи ҳикоят[ҳо], ки дар
1 Бо маъсият рӯ ба рӯ ҳастем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо