Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тоат рағбат афзояд, раво дорад ва гӯяд, ки мақсуд аз ин даъвати халқ аст ба Ҳаққ. Ва ин сухан аз назағоти1 шайтон аст, чӣ дар сидқ он вусъат ҳаст, ки ба дурӯғ ҳоҷат nabosad ва дар он чӣ Худой ва [61] Пайғомбари вай гуфтаанд, бениёзист ихтироъ дар ваъз. Ва чӣ гуна бар ин ҷумла набошад, ки ба такаллуфи саҷъ қароҳият доштаанд ва онро аз хештаноройӣ шумурдаанд? Ва Саъд ибни Абиваққос гуфт писари худ Умарро дар он ҳол, ки вай ҳоҷате мехост ва онро ба саҷъ тақрир мекард: «Ин саҷъ он аст, ки туро бари ман мабғуз мекунад, ҳаргиз ҳоҷати ту раво накунам». Ва Пайғомбар — алайҳи-с-салом — гуфт Абдуллоҳи Равоҳаро чун се калима саҷъ шунид аз вай: «Ийёка ва-с-саҷьа ё Ибна Равоҳа!». Ай, бипарҳез аз саҷъ! Ва саҷъ маҳзури мутакаллиф он будӣ, ки аз ду калима зиёдат шудӣ. Ва барои ин чун марде дар ибтоли дият чунин гуфт: «Кайфа нудия ман ло шариба ва ло акала ва ло соҳа ва ло истаҳалла ва мислу золика яталлу». Ай, чӣ гуна диҳем дияти касе, ки обу нон нахӯрд ва бонге накард ва инчунин хун ҳадар шавад? Пайғомбар фармуд: «Асҷаъа касаҷъи [ал-куҳҳон]!». Ай, саҷъ [мегӯяд] чун саҷъи коҳинон!»
Ва аммо ашъор таксири он дар мавоиз накӯҳида аст. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва-ш-шуароу яттабиуҳуму-л-ғовун, алам тара аннаҳум фӣ кулли водин яҳимӯн?»2. Ва қола: «Ва алламноҳу-ш-шеъра ва мо янбағӣ лаҳу»3. Ва бештар ашъор, ки мӯътоди музаккирон шудааст, шеърҳоест, ки дар он зикри ишқу сифати ҷамоли маъшуқ ва роҳати висолу дарди фироқ аст. Ва аҳли маҷлис ҷуз оммиёни ҷилф4 намебошанд ва ботинҳои эшон ба шаҳватҳо машҳун аст ва дилҳои эшон аз илтифот ба суратҳои хуб холӣ нест ва ашъор на-
1 Назағот – васвасаҳои шайтонӣ.
2 Шуаро, 26:224-225.
3 Ёсин, 36:69.
4 Ҷилф – аҳмақ, сабуксар, сабук, нодон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо