Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

чумбонад аз дилҳои эшон, магар он чӣ дар он нуҳуфтааст. Пас, оташи шаҳват дар эшон афрӯхта шавад ва наъраҳо зананд ва ваҷдҳо намоянд. Ва бештари он — ё кулли он — ба фасод руҷӯъ дорад. Пас набояд, ки аз шеър ривоят кунад, магар он ки дар он мавъизате ва ҳикмате бошад бар сабили истишҳод ва истинос, ки Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфтааст: «Инна мина-ш-шеъри лаҳикматун». Баъзе аз шеър ҳикмат аст. Ва агар аҳли маҷлис ҳавосс бошанд ва маълум шавад, ки дилҳои эшон мустағрики дӯстии Ҳаққ таъоло аст, шеъре, ки зоҳири он ба халқ ишорат кунад, бо эшон зиён надорад, чӣ мустамеъ ҳар чӣ бишнавад онро бар чизе, ки бар дили вай муставлӣ бошад, ҳамл кунад, чунон ки таҳқиқи он дар «Китоби самоъ» бихоҳад омад. Ва барои ин Ҷунайд бар даҳу андкас сухан гуфтӣ ва агар бисёр шудандӣ сухан қатъ кардӣ ва аҳли маҷлиси вай бист тан нашудандӣ. Ва ҷамоате бар дари Ибни Солим омаданд ва ӯро гуфтанд, ки ёрон ҳозир шудаанд, сухане бигӯй. Гуфт: «Эшон асҳоби ман наанд, эшон асҳоби маҷлисанд».

Ва аммо шатҳ. Муроди мо бад-он ду навъ сухан аст [62], ки муҳдаси баъзе мутасаввифон аст.

Яке даъвиҳои тавили ариз дар ишқ бо Ҳаққ таъоло ва висоли Ӯ, ки аз аъмоли зоҳир муғнӣ1 шавад, то ба ҳадде, ки қавме [даъвии] иттиҳод ва бархостани ҳиҷоб ва мушоҳада ба рӯъят ва мушофаҳа2 ба хитоб мекунанд ва мегӯянд, ки моро чунин гуфтанд ва мо чунин гуфтем; ва ташаббуҳ менамоянд ба Ҳусайни Ҳаллоҷ, ки вайро бад-он чӣ амсоли ин калимот гуфт бар дор карданд ва ба қавли ӯ, ки «ана-л-Ҳаққ» гуфт истишҳод меоранд. Ва бад-он чӣ ҳикоят мекунанд аз Бӯязиди Бастомӣ, ки ӯ гуфт: «Субҳонӣ, субҳонӣ». Ва ин навъест аз сухан, ки зарари он дар миёни авомм азим шудааст ва ба ҳадде анҷомида, ки ҷамоате аз бузургон

1 Муғнӣ - бениёзкунанда.
2 Мушофаҳа – бо ҳам гуфтугӯ кардан, рӯ ба рӯ сухан гуфтан.

пешина
аз 567
навбатӣ