Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
барзгарӣ бигзоштаанд ва амсоли ин даовӣ изҳор карда бад-он чи ин суханест, ки табъро хуш меояд, чи дар тазкияти нафс аст ва ба дарёфти мақомоту аҳвол бо коҳилӣ ва батолат дар аъмол. Пас, ҷоҳилон оҷизу наёянд аз он ва аз ёд гирифтани суханони маҳаббати музахраф. Ва ҳар гоҳ ки бар эшон инкор кунӣ, тавонанд гуфт, ки масдари ин инкор илму ҷадал аст ва илм ҳиҷоб аст ва ҷадал амали нафс аст ва ин ҳадис рӯшан нашавад магар аз ботин ба мукошафаи нури Ҳаққ. Ва ин навъ аз он ҷумла аст, ки шарари он дар баъзе аз шаҳрҳо мустатир шудааст ва зарари он шоеъ ва мустафиз гашта ва ҳар кӣ чизе аз ин бигӯяд, куштани ӯ фозилтар аз эҳёи даҳ кас бошад1.
Ва аммо он чи аз Бӯязиди Бастомӣ ҳикоят мекунанд, дуруст нест. Ва агар аз ӯ шунида бошанд, шояд ки бар сабили ҳикоят мегуфт аз Ҳаққ таъоло дар аснои сухане, ки онро бо худ мукаррар мекард. Чунон ки агар аз вай шунида шавад, ки мегӯяд: «Иннанӣ анна-л-Лоҳу ло Илоҳа илло ано фаъбуднӣ»2. Ва нашояд, ки он хабар аз ӯ ҷуз бар сабили ҳикоят мафҳум карда шавад.
Навъи дуввум суханони номафҳум аст, ки онро зоҳирҳое мӯъҷиб3 ва иборатҳое ҳоил бошад ва дар он манфаате набвад. Ва он ду гуна аст.
Яке он ки гӯяндаро ҳам мафҳум набошад, бал онро боз гардонад аз хабте, ки дар ақли вай бошад ва ташвише, ки дар ҳоли вай бувад, ба сабаби он чи сухане шунида бошад ва ба маънии он муҳит нашуда ва бештар ин бошад.
Ва дуввум он ки мафҳум бошад, валекин бар тафҳими он қодир набвад ва ба иборате, ки бар замири вай далел кунад, эрод натавонад кард бад-он чи муморасати вай дар илм андак бошад ва маънии алфоз хуб баён кардан надо-
1 Дар нусхаи Маҷлис «дар дини Худой» изофа дорад.
2 Тоҳо, 20:14.
3 Мӯъҷиб – ба шигифт оваранда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо